formula feb 2025
Одоби рафтан ба намози ид
29.03.2025
Oila.tj
568

Пагоҳ, 30-юми март мардуми тоҷик қатори дигар мусалмонони ҷаҳон Иди Саиди Фитрро ҷашн мегиранд. Муҳимтарин рукни ид рафтан ба намози ид аст, аз ҳамин хотир, имрӯз мо дар боби одоби рафтан ба намози ид ба шумо каме маълумот медиҳем.

Барои намозгузорон мустаҳаб аст, ки субҳи барвақт сару тани худро бишӯянд, либосҳои тоза бипӯшанд ва ба намозгоҳ бираванд, аммо барои имом дертар рафтан суннат аст. (Бухорӣ 956).

Беҳтарин намуна барои ҳар як фарди мусалмон ин рафтори паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) мебошад. Ривоят аст, ки Расули Худо ба намозгоҳ пиёда мерафтанд ва бармегаштанд. (Ибни Моҷаҳ/ҳасан 1294).

Расули Худо (с) дар рўзи ид вақти дар роҳ рафтан ба сўи масҷид такбир мегуфтанд (Алмаҳомилӣ, саҳеҳ 2/142).

Ва инчунин саҳобагон мисли ибни Умар ва Абў Умома бо овози баланд такбир мегуфтанд. (Албайҳақи/саҳеҳ 3/276).

Такбири иди фитр аз нишастани офтоби охирин рўзи рамазон бо комил шуданаш (30 рўз ё бо дидани моҳтоби моҳи шавол) ва бо насси ин гуфтаи Худованд: "ва мехоҳад, ки ҳисобро тамом кунед ва ба бузургӣ худоро ёд кунед бар он ки шуморо роҳ намуд" (Вақара 185) шурўъ мешавад.

Ва расули Худо (с) охири вақти такбирро поёни намози ид муайян кардааст, мувофиқи ҳадисе, ки аз расули Худо (с) ривоят шудааст. (Ал Маҳомили/саҳеҳ 2/241).

Барои намози ид суннати қаблӣ ё баъдӣ вуҷуд надорад (яъне пеш аз намози ид ё баъди намози ид суннат нест мисли намозҳои дигар), аммо вақте дохили масҷид шудем, метавонем намози таҳияи масҷид бихонем.

Намози ид ду ракат аст. Касоне ки ба намози ид ҳамроҳи имом нарасанд ва ҳамчунин заноне, ки дар хона ҳастанд, метавонанд онро ба ҷой оваранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД