Formula novemver 2024
ОДАМКУШӢ ДАР НАЗДИ МАРКАЗИ САВДОИ “САФАРИЁН”
5582


Як марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш 2 маротиба бо моддаи 244 ( бо ҷурми дуздӣ), 1 маротиба бо моддаи 249 ( бо ҷурми роҳзанӣ) ва 1 маротиба бо моддаи 255 ( бо ҷурми қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ин дафъа бо иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги инсон шудааст, дастгир шуд.

ВКД гуфт, ки ӯ нимаи дуюми рӯзи 15 май, тахминан соати 17, дар назди маркази савдои «Сафариён» дар кӯчаи Шерализодаи пойтахт, бо сокини 47-солаи Душанбе ҷангу ҷанҷол карда, ӯро шадидан лату кӯб намудааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ба марди дастгиршуда акнун бар асоси қисми сеюми моддаи 110 КҶ ҶТ аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД