Салом “Оила” - и азиз! Ман Атобекова Азиза, сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе, имрӯз дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайрон монда, чӣ кор карданамро намедонам. Илтимос, ягон роҳи ҳалли ин муамморо бигӯед, вагарна ману духтарам дар кӯча мемирем!
Тақдир аз аввал нисбат ба ман ва оилаи мо бераҳмӣ кард. Ҳанӯз 10-12- сола будам, ки падари меҳрубону ғамхорам якбора ба дарде печида, аз дунё гузашт. Баъди сари сутуни хонадонамон масъулияти нигоҳубин ва тарбияи нуҳ фарзанди хурдсол бар дӯши модари танҳоям афтид. Хешу табори падарам ягон бор аз дарамон даромада, ҳолу аҳволи моро намепурсиданд. Бечора модарам барои он, ки мо ба ҳар касу нокас муҳтоҷ шуда, бе падар ва ятим буданамонро ҳис накунем, на шаб ором дошту на рӯз қарор. Модари заҳматписандам дар чанд ҷо кор карда, моро хӯронд, пӯшонд ва соҳиби маълумот карда, ба кӯчаи одамгарӣ даровард.
Соли 1992 ҷанг сар шуд ва мардум ҳама дар таҳлукаи ҷон афтиданд, махсусан, духтардорон дар ҳарос буданд, зеро яроқбадастон рӯирост ба хонаҳо даромада, духтарони қадрасро кашолакунон бо худ мебурданд. Ана дар ҳамон давраи даҳшатбор яке аз хешовандони падарам бо нияти хостгорӣ аз дари мо даромад. Модарам ба хотири шод кардани арвоҳи падарам ва канда нашудани риштаи хешутаборӣ дарҳол розигӣ дод, то ки маро бо обрӯ ба хонаи бахтам гусел карда, қарзи худро адо намояд.
Ҳамин тавр, соли 1994 ману Қурмаҳмад бо дуои неки волидон риштаи тақдирамонро бо ҳам пайвастем. Шавҳарам маълумоти олӣ дошта бошад ҳам, дар ягон ҷойи аниқ кор намекард, танҳо гоҳ-гоҳ бо тиҷорат машғул мешуду халос. Ман, ки аз хурдӣ ба меҳнат одат карда будам, баъди тӯй дар Хонаи бачаҳои №1 ба кор даромадам, то ки дар кашидани аробаи зиндагӣ ба шавҳарам ёрӣ расонам. Соли 1999 хоҳарам Ҷамила духтарчаи зебоеро ба дунё овард, вале баъди таваллуд кардан худаш ба беморӣ печид. Табибон ӯро чанд маротиба ташхис намуда, ниҳоят ба хулосае омаданд, ки дилаш иллат дорад ва чандон умри дароз нахоҳад дид. Ҷамила дастони маро бӯса карда, зорию тавалло мекард, ки баъди сари ӯ духтарчааш Маҳастиро танҳо нагузошта, ба тарбияи худ бигирам.
ЗАН БАРОИ ОЧАМ Ё ҚИССАИ ТӮЙИ БЕ ДОМОДУ АРӮСИ САРСОН
Азбаски мо фарзанд надоштем, дар ин бора бо шавҳарам маслиҳат кардам. Қурмаҳмад бо ҷону дил розӣ шуд. Ҳамин тавр, дар семоҳагиаш Маҳастии хурдакакро ба хона овардам. Модараш он вақт зинда бошад ҳам, аз пайи дарди худ овора буд. Бо пайдо шудани ин духтарчаи зебо зиндагии мо ранги дигар гирифт. Шавҳарам “духтарҷонам, асалакам” гӯён, дар гирди Маҳастӣ парвонавор давр зада, ҳамеша ӯро навозиш мекард ва тайёр буд, ки барои ин фариштача ҷонашро қурбон созад. Маҳастӣ сесолаю семоҳа буд, ки модараш аз дунё гузашта, дар дили ҳамаи мо доғи абадӣ ниҳод. Ҷамила аз дунё рафту тамоми хушиҳои моро бо худ ба зери хоки сад бурд.
Баъди сари хоҳарам ба сари оилаи мо бадбахтӣ пайи бадбахтӣ омада, модарам аз дарду доғи фарзанд ба бистари беморӣ афтид. Ман, ки духтари дӯстдори модар будам, ӯро ба хонаи худам овардам. Бародаронам хонаи кампирро фурӯхта, ба дасти ман 12 ҳазор доллар доданд, то ки аз шаҳр ягон хонаи дуҳуҷрагӣ харам, вале мани беақл ин маблағро барои таъмири хонаи шавҳарам сарф намудам ва қарзҳои ӯро баргардонидам. Ҳамон вақт ҳамкоронам маро ҳушдор дода буданд, ки ин корро накунам, вале “ману шавҳарам хешу табор ҳастем, вай ҳаргиз маро намепартояд” гуфта, 12 ҳазор доллари пули хонаи модарам ва тамоми дороии бо меҳнати ҳалол бадастовардаи худро барои ҳамсарам сарф кардам, бехабар аз он ки рӯзе ангушти пушаймонӣ хоҳам газид.
Хулласи калом, модарам панҷ сол рӯйи ҷойгаҳ хобида, аз олам гузашт. Шавҳари меҳрубонам баъди сари модарам ниқобашро аз рӯяш кашид ва бо баҳонаи оне, ки дар зиёда аз 20 соли зиндагӣ ман барояш фарзанд таваллуд накардам, ойимбозӣ ва хархашаю ҷангу ҷанҷолро сар кард. Вай бо як зани 46-47- сола забон як карда, ӯро ба худ парастор гирифтааст. Аз рӯйи ҳуҷҷате, ки онҳо дар идораи нотариалӣ тартиб додаанд, баъди сари шавҳарам хонае, ки ман 24 соли дароз меҳнат карда, бо хуни ҷигар онро таъмир ва обод намудам, ба ҳамон зан мемонад. Ман борҳо ба шавҳарам гуфтам, ки "биё масъаларо бе ҷангу ҷанҷол ҳал карда, хонаро мефурӯшем ва пулашро тақсим мекунем", вале ӯ маро ҳатто шунидан намехоҳад. Наход 24 сол дар ин хона зиста, пули барқу обу тамоми хизматрасониҳои коммуналиро пардохт кунаму 12 ҳазор долларро ба таъмири он сарф карда, имрӯз ман ба ин манзил заррае ҳаққу ҳуқуқ надошта бошам? Куҷост ҳақиқату адолати судӣ? Наход хонаи мо муфт ба як зани тамоман бегона, ки барои ин манзил ҳатто як тин сарф накардааст, расаду ману духтарчаам дар кӯча монем?
Атобекова Азиза,
сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе