Дар оила чор нафарем. Падару модарам ҳамагӣ ду фарзанд дошта бошанд ҳам, рӯзе набуд, ки бо сабаби каму кости зиндагӣ ҷангу ҷанҷол накунанд. «Хук барин рӯзи дароз хоб нараву хеста ягон кор ёб, беномус!
Мардак ном дорию занак барин як умр дар кунҷи хона пашшаҳоро киш гуфта мешинӣ! Ҳамин хел мурда барин хобидан гирӣ, ягон рӯз ҳамаамон аз гушнагӣ мемурем…» гӯён, модарам бо таънаю маломаташ дили падарамро сиёҳ мекарду падарам сари қаҳр ӯро зери мушту лагад мегирифт. Шаб ҷанг, рӯз ҷанг, сагу пишаки тапа тайёр буданд волидонамон ва мо, акаю додар намедонистем, тарафи киро бигирем. Модарам дар назди ҳаққу ҳамсояҳо шармсор буд, зеро аз пиёзу сабзӣ сар карда, то равғану орду биринҷро металбид ё қарз мегирифт. Падарам роҳи ягонаи аз таънаю маломат халос шуданро дар ҷудо шудан дида, рӯзе «илоҳо ҳамин хонаву дар аз сарат монад», гӯён баромада рафт.
Шунидем, ки худи ҳамон рӯз аз дӯстонаш қарз гирифта, Русия рафтааст. Барқасди падарам, модарам мо ду фарзанди мактабхонашро партофта, ба деҳа, назди тағоҳои пулдорам рафт. Акаю додари падару модардори зиндаятим сарсону саргардон монда, намедонистем, ки чӣ кор кунем. Бародарам, бо маслиҳати ҷӯрааш як мошини мусофиркаши тамғаи «старекс»-ро иҷора гирифта, ба кор баромад. Хостам, ҳамроҳаш кор кунам, вале бародари баномусам нагузошт, ки таҳсиламро дар нимароҳ партофта, бесаводу кӯчагард шавам. Пас аз ба кор баромадани бародарам, рӯзгорамон рӯ ба беҳбудӣ овард.
Қарзи ҳамсояҳоро баргардонидем, аммо қабул накарданд, зеро моро партофта рафтани падару модарам, дилашонро реш-реш намуда буд. Дуои некамон медоданд. Акнун, ки дастиёр шудаем, мехоҳем падарҷонамро аз Русия пайдо намуда, ба хона биёрем ва ягон зани худотарс ёфта диҳем, то роҳати зиндагиро бубинад. Барои матлабамонро ба падар расонидан, ба «Оила» муроҷиат намудем. Аз ин минбари баланд мегӯем:
-Падарҷон! Модарамон моро соҳибӣ карда натавонист, ақалан шумо ба наздамон баргардед. Дирӯзакак хабар расид, ки модари пулпарастамон бо марди сарватманде хонадор шудааст. Ба наздамон баргардед, барқасди модарамон мо шуморо бо ягон зани зебо хонадор мекунем. Намехоҳем бепадар калон шуда, таънашунави ҷӯраҳоямон гардем. Баргардед падар, то мо таҳсиламонро бо дили пур идома дода, донишҷӯ шавем.
Диловар ва Ҳайдар аз ш.Душанбе