Commerce bank may-june 2026
Обу ҳаво: ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки чораҳои эҳтиётӣ андешанд
01.07.2026
Oila.tj
140

Аз 1 то 3-юми июли соли ҷорӣ бо сабаби ба амал омадани боришот дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон хавфи сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ дошта боқӣ мемонад.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, рӯзҳои 2-4-уми июл дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётӣ андешанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД