Яке аз истифодабарандаҳои фаъоли Facebook Джана Ашурова ба раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода мактуб навиштааст.
Дар мактуб омадааст, ки: "Муҳтарам раис! Дар ин рӯзҳои сахте, ки ба сари мардуми Тоҷикистон омаддааст, ҳамаи раисони шаҳру ноҳияи кишвар, аввалин коре, ки карда истодаанд, ин аҳамияти ҷиддӣ ба беморхонаҳову духтурон мебошад. Баъдан ба оилаҳои камбизоат дасти ёрӣ дароз кардаву аз ҳоли эшон хабар гирифта истодаанд, нарху наво дар бозорҳо ва дорухонаҳоро назорати ҷиддӣ бурда истодаанд.
Чаро мо то имрӯз ягон амали Шуморо надидем? Ба ҷуз аз солдатҷамъкунӣ ва картошкакорӣ... Ёдатон ҳаст, дар рӯзи иди матбуот эълон кардед, ки мо 5000 тонна картошка захира дорем ва нархаш аз 2 сомонӣ зиёд нест ва намешавад? Пас аз чанд рӯзаш ба Хуҷанд рафтед ба "намоиши картошка". Намедонам чандсад тонна картошкаро ба намоиш бурдед, ки нархаш яку якбора ба осмон баромад. Агар боз ҳам ҳосили ҳамин картошкаи шинондаистодаатон гаронбаҳо мешуда бошад, ба мо умуман картошкаи шумо лозим нест, заҳмат накашед. Медонам, ки ҳозир Шумо ва шогирдонатон бояд ҳарчӣ зудтар ҷавононро "облава" карда, планро буд кунед ва дар назди "боло" худатонро нишон диҳед.
Раисҷон ин вазифаи Шумо нест, вазифаи комиссариати ҳарбист, ки дар Панҷакент амал мекунад. Ҳоло Шумо бояд дар маъракаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ не, балки мубориза бо ковид 19 фаъолона иштирок кунед. Медонам, ки роҳҳои шаҳрро бо хлор “дизинфексия” карда истодаед, вале то чӣ андоза ин кори бехатаргардонист, намефаҳмам.
Оё медонед, ки духтурони беморхонаҳо дар чӣ ҳоланд? Не, намедонед. Онҳо ба формаҳои муҳофизатӣ, ниқоб, дастпӯшак, антисептик, ва дигар маводҳои зарурӣ эҳтиёҷ доранд. Шояд тавассути як сомонае, ки дар кишвар мамнуъ аст, огоҳӣ пайдо кардед, ки духтурони бечора маҷбур шудаанд, ки додашонро ба журналистон гӯянд. Чӣ қадар ба ғазаб омада бошед? Албатта он бемороне, ки дар беморхонаҳои сироятӣ бистарӣ шудаанд, шумораашон ба назари Шумо ҳоло хеле кам метобад. Худо накунад, ки аз беаҳамитии Шумо зиёд шаванд ва ё ягон ҳодисаи нохуше рух диҳад. Илоҳо, кӣ кам шаваду зиёд не...
Либоси махсуси духтурони ёрии таъҷилиро дидед аз кадом матоъ духта шудааст? Ва албатта аз ҳисоби худи духтурон. Фикр мекунам ба ҷиддӣ будани хатари ин вирус бовар надоред ё то ҳол сарфаҳм нарафтаед. Тайи чанд рӯз аст, ки ҷавонони бонангу номуси Панҷакент, ки дилашон ба ҳамшаҳриёнашон сахт месӯзад, ба корҳои хайр даст зада, фонди хайриявӣ кушодаву ба беморхонаҳо ва оилаҳои камбизоати шаҳру деҳоти Панҷакент кӯмак карда истодаанд. Медонед онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзеҳо чӣ мегӯянд? Талбанда! Бечораҳо чӣ таҳқирҳоеро, ки нашуниданд, вале дигар илоҷ надоранд, дигар кӣ мекунад?! Мардуми бонангу номуси Панҷакент, ки қадимтарин таърихро доросту ҳеҷ гоҳ ба пеши касе сар хам накардааст, имрӯз номи талбандагиро ба гарданаш бор карданд. Ин хеле аламовар аст. Шарм кунед! Агар дар буҷаи ҳукумат пул набошад, худатон чӣ хел мегӯед "барои халқ хизмат карда истодаед", боз ҳам хизмат кардаву аз ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои болоӣ маблағ биёред. Наход Шумо ақалан 50 фоизи вазифаи ҷонии худатонро дар назди халқ иҷро карда натавонед? Агар тавони мардумро дастгирӣ карданро надоред, истеъфо диҳед ва обрӯи Панҷакенту панҷакентиёнро нарезонед!"