Кормандони СКР-и маҳаллӣ ва ФСБ-и Россия дар якҷоягӣ амалиёти махсусеро ҷиҳати ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар мавзеъҳои буду боши муҳоҷирон дар Краснодар гузарониданд.
Амалиёти мазкурро расонаҳо“Бузургтарин облаваи муҳоҷирон” дар Россия номидаанд, зеро дар ҷараёни он якбора 540 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Миёна боздошт шудаанд.
Дар наворҳое, ки дар шабаҳои иҷтимоӣ давр мезананд, дида мешавад, ки чи тавр гурӯҳи хеле калони муҳоҷирон сари дузона нишастаанд ва намояндагони сохторҳои қудратӣ вагон ба вагон гашта, муҳоҷиронро ҷустуҷӯ мекунанд.
Айни замон қонунӣ будани буду боши муҳоҷирони боздоштшуда дар қаламрави Россия ва риояи қонуну меъёрҳои муҳоҷиратӣ аз ҷониби ин 540 нафар санҷида мешавад. Дар сурати ошкор шудани фаъолияти меҳнатии ғайри қонунии муҳоҷирон ва камбудиҳо дар ҳуҷҷатҳои онҳо муҳоҷирони боздоштшуда аз қаламрави Россия ихроҷ-“депортатсия” карда шуда, ба ватанашон фиристода мешаванд.
Тавре ки расонаҳои русӣ менависанд, амалиёти мазкур бо супориши роҳбари СКР-и Краснодар Андрей Маслов гузаронида шудааст.
Маслов дар сӯҳбат бо расонаҳои русӣ гуфтааст, ки вақтҳои охир сокинони маҳаллӣ аз рӯйи муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд арзу шикоят мекарданд, ки муҳоҷирон ба таври гурӯҳи зиндагӣ карда, шабона шаробнӯшию майхорагӣ мекунанд ва бо доду фиғону ҷангу ҷанҷол оромии онҳоро халалдор намуда, ба духтарони маҳаллӣ мечаспанд.
Муҳоҷирони меҳнатиро ҳамчунин ба он айбдор месозанд, ки гӯё дар ҳолати мастӣ ба майдончаҳои бозии кӯдакон ворид шуда, бачаҳоро метарсонанд.
Ҳисси бадбинӣ ва нафрати ошкоро нисбати муҳоҷирон дар Русия торафт бештар шуда истодааст. Вақтҳои охир муҳоҷирони меҳнатие, ки аз кишварҳои Осиёи Миёна ҳастанд, тез-тез бо ҳар баҳона зери фишор қарор мегиранд ва аксаран дар рафти чунин амалиётҳо аз ҷониби мақомоти қудратии Россия нисбати муҳоҷирон таҳқир ва зӯроварӣ ба кор бурда мешавад.