formula
“Облава”-дар коллеҷи тиббии Ёвон
994


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое давр мезанад, ки дар лаҳзаҳои “облава” шудани донишҷӯёни коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон ба навор гирфта шудааст.

Тавре аз садои худи донишҷӯён шунида мешавад, онҳоро ба имтиҳони хатм (ГОСТ) даъват намуда, пас аз ба анҷом расидани он хостанд бачаҳоро ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намоянд, вале дар коллеҷ гӯё шӯри қиёмат барпо шуда, ҷавонон бо ҳар роҳу восита рӯ ба гурез мениҳанд.

Дар видео дида мешавад, ки автобуси ранги сурхдошта дар ҳавлии колеҷ гузошта шудааст ва атрофи он пур аз донишҷӯдухарони колеҷи тиббӣ мебошанд, ки тибқи гуфтаи баъзе манбаҳо, садди роҳи бурдани писарон ба хизмати ҳарбӣ шудаанд.

Саҳни ҳавлии коллеҷ пур аз духтаронон буда, садои доду вой ва ғавғои ҷамъшудагон хеле баланд ба гӯш мерасад.

“Облава” шудани ҷавонон мавзӯи нав набуда, ҳамасола дар мавсими даъвати ҷавонон ба хизмати аскарӣ чунин наворҳои пурсару садо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешаванд.
Гумон мерафт, ки баъди андешидани тадбири раҳоӣ аз аскарӣ бо пардохти маблағи муайян ин масъала ҳалли худро меёбад, вале авзоъ беҳтар нагашта, раванди даъват ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баръакс сусттар гашт. Чанде пеш Вазорати маориф ва илми кишвар ба муассисаҳои олӣ нома ирсол намуда, тавсия дода буд, ки дар сурати майли бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафтан доштан ба донишҷӯён иҷозат дода шавад, ки имтиҳонҳои худро пеш аз мӯҳлат супоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД