Прокурори нави ҳарбии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода зимни як ҷаласа, ки дар он муовини сарвазири кишварДилрабо Мансурӣ ва Вазири мудофиа Эмомалӣ Собирзода низ ширкат доштанд, гуфтааст, ки ҳангоми маъракаи даъвати баҳорӣ ба аскарӣ бояд аз истифодаи роҳҳоиғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар пешгирӣ карда шавад. Дар ин бора Вазорати мудофиа хабар додааст. “Сарпрокурори ҳарбӣ вадигар масъулин оид ба пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, коҳиш додани сатҳи содиршавии ҳама гуна ҷиноят ва диққати аввалиндараҷа зоҳир намудан ба сифати даъвати шаҳрвандон, таклифу пешниҳодҳои мушаххасро ироа намуданд”, - навиштааст манбаъ. Ёдрас мешавем, ки Фармони Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид бадаъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳанӯз санаи 19-уми феврал ба имзо расида буд. Имсол дар маъракаи даъвати баҳорӣ ҷавонони солҳоитаваллудашон 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.