Arzon march 2024
Обхезӣ ва сел дар хоб нишонаи сар задани фалокат аст?
30.04.2024
ОИЛА.ТҶ
3662

Салом! Шаби гузашта хоб дидам, ки обхезӣ шуда, хонаву дарамонро шуста бурдааст. Дар хобам сахт ба даҳшат афтода, қад-қади дарёи пур аз лойоба медавидам ва рӯю мӯямро канда, зор-зор гиря мекардам. Вақте ки аз хоб бедор шудам, аз шиддати тарсу ҳарос дилам ба кафидан наздик расида буд. Хобамро ба ду-се дугонаам гуфтам, онҳо лаб газидаю сар ҷунбонида гуфтанд, ки бояд фавран ягон чиз садақа кунам, чунки селу обхезӣ дар хоб нишонаи сар задани фалокати бузург аст. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед, то дилам ором бигирад.

АНЗУРАТ, аз Данғара

Посух:

- Хоҳари азиз! Пеш аз ҳама кӯшиш кунед, ки худро ба даст гирифта, ором шавед. Сел ва обхезӣ хоб дидан ҳанӯз маънои онро надорад, ки ба сари шумо ё аҳли оилаатон ягон фалокат ё бадбахтӣ меояд. Аслан хобҳо 3 хел мешаванд: хобҳое, ки кас бар асари асабонияти шадид ё ҳолати бади рӯҳияш мебинад, хобҳои шайтонӣ ва хобҳои раҳмонӣ. Эҳтимол рӯзҳои охир наворҳои омадани селро дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ тамошо карда, шумо чунин хоб дида бошед.

Акнун меоем сари мавзӯи селу обхезӣ дар хоб ва таъбир он. Тавре дар хобномаҳо омадааст, кас хоб бинад, ки дар зери борони сел мондааст, хабаре ба гӯшаш мерасад, ки каме боиси хавотирӣ мегардад, вале он ягон оқибати бад надорад.

Зан хоб бинад, ки борони сел борида истодааст ва оби дарё аз соҳилаш баромада, селобаи бузурги пур аз лою ифлосиҳо равон асту одамони зиёде доду фарёд зада истодаанд, бадхоҳонаш дар борааш ягон туҳмату буҳтон паҳн мекунанд ва атрофиён шахси хобдидаро дар ҳама ҷо муҳокима карда, ба қавле ба сари забони мардум меафтад. Чунин хоб боз як таъбири дигар низ дорад. Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки борони сели пур аз гил ва ифлосӣ нишонаи хиёнат дидани шахси хобдида аст. Мард чунин хоб бинад, ҳамсараш ба ӯ хиёнат мекунад, вале шахси хобдида зан бошад, шавҳараш маъшуқа меёбад ва ё зани дигар гирифта, занро ба азоби ҷонкоҳи рашк гирифтор месозад.

Хоб бинед, ки борони сел борида истодааст, вале ягон ҷойро вайрон накардааст, дар ҷойи коратон ягон нобарорӣ рӯй медиҳад, вале ба шумо аз он зарари сахт намерасад.

Дар хобатон ҳаво софу беғубор бошаду якбора борони сел ба боридан сар кунад, ин хоб метавонад як навъ огоҳӣ дар бораи аз даст додани боигарӣ бошад. Шояд ба чанги ягон қаллоб, дузд ё ғоратгарон меафтед ё кореро, ки аз он даромади хуб мегирифтед, аз даст медиҳед. Чунин хоб метавонад нишонаи аз даст додани ягон чизи гаронбаҳо, аз қабили телефон ё ороишоти тиллоӣ бошад.

Хоб бинед, ки дар зери борон тип-тар шудаед ва аз шиддати хунукӣ дигар чизеро эҳсос намекунед, эҳтиёт бошед, зеро хавфи бемор шуданатон вуҷуд дорад.

Дар хоб зери борон монда, паноҳгоҳе пайдо кунед, дар зиндагӣ шахсеро вомехӯред, ки бароятон такягоҳи устувор мегардад ва бо кумаки ӯ ба қуллаҳои баланд мерасед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД