Arzon march 2024
Обидҷон Валиев 70-сола шуд!
574

 

Мардуми тоҷик одати аҷибе доранд, ҳар киро сахт эҳтиром намоянд, ба ӯ ҳамеша “Муаллим” гӯён муроҷиат мекунанд. Ин ибора фалсафаи чуқур дорад, зеро одамро ба маънии томаш танҳо муаллими ҳақиқӣ ОДАМ мекунад.

Обидҷон Валиев аз зумраи он муаллимони оқил, донишманд, закӣ ва сахтгиру серталабе мебошад, ки ба ҳазорон-ҳазор шогирдон натанҳо илму дониш, балки сабақи одаму одамгарӣ омӯхта, ба роҳи дурусти зиндагӣ равонаашон намудааст. Валиев аз зумраи сарсупурдагони соҳаи маориф ба шумор меравад. Обидҷон Валиев яке аз аввалин омӯзгорони навовари ҷумсҳурӣ ба шумор рафта, дар пешрафти мактабҳои миёнаву олии кишвар, тарғиби усулҳои нави таълимӣ ва тарбияи шогирдони арзанда саҳми намоён гузоштааст.

Ин марди накӯном ва дарёдил ба синни мубораки 70-солагӣ расида, беш аз 50-соли умри пурбаракаташро сарфи таълиму тарбияи насли ҷавон ва пешравии соҳаи маориф дар Тоҷикистон намудааст. Ҳамин аст, ки шогирдони бешумораш номи Обидҷон Валиевро то ба имрӯз бо эҳтиром ва ифтихори бепоён ба забон мегиранд.

Обидҷон Валиев 23-юми апрели соли 1954 дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёна ба Факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1979 донишкадаи мазкурро бо ихтисоси омӯзгори забонҳои хориҷӣ хатм намуда, фаъолияти худро аз мактаби миёнаи №50-и деҳаи Нилӯи ҷамоти деҳоти Алмосии Ҳисор оғоз намудааст. Муддати 15 сол дар ин деҳаи зебоманзари кӯҳӣ ба кӯдакону наврасон забони хориҷӣ омӯхта, соли 1994 Обидҷон Валиев ба Донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон ба кор мегузарад. Дониши баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва услуби хосаи таълимиаш боис гашт, ки Валиев дар ин даргоҳи маърифат байни устодон ва донишҷӯён ҳурмату эҳтироми хосро соҳиб гашта,солиёни тӯлонӣ дар вазифаҳои пурмасъулияти ҷонишини декан, декани шӯъбаи тайёрӣ, ёвари ректор ва директори Гимназияи ҷумҳуриявии тамоюли иқтисоди доштаи Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон фаъолият намояд.

Саҳми ин устоди сахтгир, донишманд ва ҳамзамон дилсӯзу меҳрубон дар пешрафти Донишкадаи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, махсусан дар ободонии гимназияи тамоюли иқтисодидошта, ки дар назди донишкада амал мекунад, калон аст. Тӯли солҳои ба сифати директори гимназияи мазкур кор карданаш Валиев ҳамчун роҳбари дилсӯз ва кордон ин даргоҳи маърифатро бо хуни ҷигар ва меҳнати содиқонаи хеш обод намуда, ба боғи ҳақиқии дониш табдил додааст ва ҳамзамон ҳамчун омӯзгори бомаҳорат садҳо шогирдони арзандаро тарбият намудааст.

Солҳои 2013-2022 Обидҷон Валиев ба сифати Раиси иттифоқи касабаи донишкадаи мазкур кор карда, ҳамеша ғамхори кормандону устодони ин даргоҳи илму маърифат буд. Ӯ тамоми талоши худро баҳри беҳдошти шароити кору зиндагии омӯзгорон равона намуда, дар дилу дидаи ҳамкоронаш маъво гирифт, ҳамин аст, ки ҳампешагонаш то ба имрӯз ба некӣ аз Обидҷон Валиев ёд мекунанд.

Барои хизматҳои арзандааш дар соҳаи маориф ин марди кордон бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст. Имрӯзҳо Обидҷон Валиев дар ҳалқаи фарзандон ва наберагонаш давлати пирӣ меронад.

Обидҷон Валиев имрӯз ҷашни милод дорад. Мо муаллимро аз номи аҳли эҷоди сомонаи Oila.tj ва шогирдони бешумораш бо ҷашни мубораки 70-солагӣ сидқан табрику муборакбод гуфта, ба ин муаллими хирадманд, фозил ва навовар умри дарози пурбаракат, рӯзгори баҳоргуна сабзу хуррам ва сари ба сони қуллаҳои осмонбӯси Бадахшон баландро таманно менамоем.

70-солагӣ муборак, муаллим!  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД