Arzon march 2024
Обидҷон аз тири миномёт мурду Абдулатиф аз гулӯлаи қирғизҳо
2210

Ҷанги тоҷику қирғиз ва пайомадҳои
хунини муноқишаҳои марзӣ
Вазъият дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон боз ноором гашта, бар асари сангандозию тирпаррониҳои дуҷониба аз ҷониби Тоҷикистон 17 тан захмӣ шуда, 2 нафар бар асари муноқишаи навбатӣ дар сарҳад ба ҳалокат расидаанд.
Тавре ки расонаҳо менависанд, нахуст қирғизҳо ба сӯйи мошинҳои сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара санг андохта, баъдан аз ҳарду ҷониб сарҳадбонон ба сӯйи ҳамдигар тир кушодаанд ва ҳамин тавр вазъият дар марз боз мутташаниҷ гаштааст.
Ба иттилои АМИТ “ХОВАР” дар рафти ин муноқишаи хунини марзӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон-Обидҷон Тӯйчиев ва Абдулатиф Шарипов ба ҳалокат расидаанд. Обидҷон Тӯйчиеви 35-сола, сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, аз тири миномёти низомиёни Қирғизистон дар манзили зисташ ба ҳалокат расидаааст. Қурбонии дигари муноқишаҳои хунин дар марз Абдулатиф Шарипов мебошад, ки ронандаи мошини “Ёрии таъҷилӣ”-и шӯъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара буда, ҳангоми наҷот додани сокинони захмишудаи деҳаи Хоҷаи Аъло аз зарбаи гулӯлаи миномёти ҷониби Қирғизистон ҷон ба ҷонофарин супурдааст.
Тавре ки “Пресса. ТЧ менависад, соати 01:00-и 28-уми январ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти салоҳиятдори ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гашта, ҷонибҳо баъди муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон намуда, то соати 08:00 –и субҳ тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хати сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарор доштаашон баргардонида шаванд.
Айни замон вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муътадил буда, сабаб ва омилҳои муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ аз ҷониби комиссияи муштараки сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД