Обид Ҷебов дар мусобиқаи “Qingdao Grand Prix” медали нуқра гирифт
196

Обид Ҷебов, ҷудокори 27-солаи тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Qingdao Grand Prix 2025” медали нуқра ба даст овард. Ин мусобиқа аз 26 то 28-уми сентябр дар шаҳри Тсиндаои Чин доир мегардад ва дар он 9 варзишгар аз Тоҷикистон ширкат доранд.

Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг баромад карда, баъди шикасти ду ҳарифи худ аз Қазоқистон ва Куриёи Ҷанубӣ ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо дар ин марҳила аз варзишгари муғул Басхуу Йондонперенлей шикаст хӯрд ва соҳиби медали нуқра шуд.

Ҳамчунин, дар рӯзи аввали мусобиқаи Гран-прии Тсиндао ду варзишгари дигари тоҷик - Меҳрзод Сӯфиев ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҳарду дар вазни то 60 кг) рақобатҳои худро баргузор карданд, аммо онҳо дар марҳилаҳои гуногун аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз медалҳо маҳрум шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД