Formula novemver 2024
"Оби зулол" кафолати солимии кӯдакон
01.03.2021
Сухроб
1050

Аз рӯзи таваллудашон кӯдакон ба донишомӯзӣ ва дарки ҳама гуна навгонӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Кӯдакон мавҷудоти аҷибанд, то ба андозае ҳисси кунҷкобиашон зиёд аст, ки дар як рӯз ба калонсолон беш аз 300 суол медиҳанд ва дар баробари ин, ягон суолашон такрор намеёбад. Кӯдакон дунёро дар зиндагии ҳаррӯза, ҳангоми сайругашт ва фаъолиятҳои гуногун: дар хона, боғчаи бачагона ва мактаб меомӯзанд. Аз ин рӯ, калонсолон мекӯшанд, ки диққати кӯдаконро ба ашёҳои гуногун ҷалб созанд, зеро ба шарофати он дар бораи воқеияти атроф, сифатҳо ва хусусиятҳои онҳо таассурот пайдо мекунанд.

 

  Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ширкати “Оби Зулол” лоиҳаи «Тарзи ҳаёти солим бо Нури Зулол» -ро таҳия кардааст.Лоиҳаи мазкур барои кӯдакони синни томактабӣ ва мактабӣ пешбинӣ шудааст. Боварӣ дорем, ки ин ба ҳама кӯдакон бидуни истисно писанд хоҳад омад.Лоиҳаи "Тарзи ҳаёти солим бо Нури Зулол" дар шакли семинар-тренингҳо барои кӯдакон дар мактабҳо ва кӯдакистонҳо баргузор мегардад.Барои касе пӯшида нест, ки кӯдакон дӯстдорони ашаддии хӯрокҳои носолим (хот-догҳо, чипсҳо, бургерҳо, хӯрокҳои гуногуни тезтайёр) мебошанд. Барои кӯдакон донистани таркиби хӯрокҳоеро, ки истеъмол мекунанд, хеле муфид хоҳад буд. Лоиҳаи "Тарзи ҳаёти солим бо Нури Зулол" ба кӯдакон дар бораи маҳсулоте маълумот хоҳад дод, ки барои рушду инкишофи минбаъдаи онҳо муфид мебошад. Кӯдакон дар бораи ғизои муфид ва зарари он ба организм маълумот пайдо мекунанд, мефаҳманд, ки ғизои солим кадом  аст ва чӣ гуна фоидабахш буда метавонад, бартариҳои витаминҳо ва минералҳоро кашф намуда, дар таркиби кадом маҳсулот вуҷуд доштани онро муайян месозад. Инчунин ба кӯдакон маънои ибораҳои "Оби тоза манбаи солимӣ аст", фаъолияти корхонаи “Оби Зулол” ва чӣ гуна истеҳсол шудани маҳсулоти он, ки ба ҳамаи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, фаҳмонида мешавад.Ҳадафи лоиҳаи мазкур тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз хурдӣ гирифтани дониш дар бораи ғизои солим, ғизои оқилона, манфиатҳои меваю сабзавот барои организм, зарурати истеъмоли оби тоза ва босифат,  тарзи ҳаёт ва ғизои солим ба ҳаёти оянда, шиносоӣ бо маҳсулоти хӯроквории кӯдаконаи ширкати “Оби Зулол” мебошад.Ширкати “Оби Зулол” истеҳсолкунандаест, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияташ ба истеъмолкунандагон ғамхорӣ зоҳир мекунад ва беҳтарин нӯшокиҳо ва шарбатҳоро бо сифати ҷаҳонӣ истеҳсол мекунад.Тамоми маҳсулотро бо тамғаи “Нури Зулол”, ки ширкати “Оби Зулол” зиёда аз 20 сол барои шумо истеҳсол мекунад, дар рафҳои фурӯшгоҳҳои савдои чаканаи Тоҷикистон таҳти шиори "МАҲСУЛОТИ МИЛЛӢ БО СИФАТИ ҶАҲОНӢ ва БО НАРХИ ДАСТРАС" "ёфтан мумкин аст. Дар вакти хондани ин мақола шумо метавонед тавассути сомонаи shop.obizulol.tj маҳсулоти “Оби зулол”-ро ба таври расонидани ройгон, фармоиш диҳед.

photo_2021-02-26_12-05-43

 

photo_2021-02-26_12-05-44

 

photo_2021-02-26_12-05-45 (2)

photo_2021-02-26_12-05-47

photo_2021-02-26_12-05-48

photo_2021-02-26_12-05-49 (2)

photo_2021-02-26_12-05-49

photo_2021-02-26_12-05-50 (2)

photo_2021-02-26_12-05-50

photo_2021-02-26_12-05-51

photo_2021-02-26_14-34-23 (2)

photo_2021-02-26_14-34-23

photo_2021-02-26_14-56-57

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД