Пеш аз намози ҷумъа дар зарфҳо об гирифта, назди намозгузорон мемонанд ва онро ҳамчун оби шифобахш истифода мебаранд.
Оё ислом ба ин иҷозат медиҳад? Рост аст, ки ин об туфайли намози ҷумъа хусусияти шифобахшӣ пайдо карда ба дардҳои зиёде даво мебахшад?
Фарзона Каримова, ш. Ваҳдат
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Аз нигоҳи дини мубини Ислом, ба ҳар чизе, ки оятҳои Қуръон хонда мешавад, шифо мебахшад. Илм кайҳо исбот кардааст, об хосияте дорад, ки ба худаш сухани неку бадро қабул мекунад. Вақте хутба, маъвиза ва оятҳои Қуръонро мехонанд, таъсираш ба об ҳам мерасад ва ҳар нафаре, ки он обро менӯшад, албатта шифо меёбад.