Formula september
Оби дар пеши намоз гузошташуда ба беморон шифо мебахшад?
897
no-img

Писарам чанд рӯз боз дар беморхона хоб ва ҳолаташ бисёр вазнин аст. Дорӯю дармони табибон ба ӯ ҳеҷ фоида накарда истодааст. Як мӯйсафеди нӯронӣ ба мо маслиҳат дод, ки пагоҳ яъне рӯзи ҷумъа дар чанд зарф об гирифта, ба ягон масҷиди ҷомеъ равем ва обро дар пеши намозгузорон монда, хоҳиш кунем, ки дар ҳаққи маризи мо дуо кунанд. Ба гуфти он пирамард гӯё обе, ки дар пеши намоз гузошта шудааст, қудрати мӯъҷизавӣ дошта, хусусияти шифобахшӣ пайдо мекардааст.  Ин гап ягон асоси динӣ дорадё не? 

Умед, ш. Душанбе

Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш

Аз нигоҳи дини мубини Ислом, ба ҳар чизе, ки оятҳои Қуръон хонда мешавад, шифо мебахшад. Илм кайҳо исбот кардааст, об хосияте дорад, ки ба худаш сухани неку бадро қабул мекунад. Вақте хутба, маъвиза ва оятҳои Қуръонро мехонанд, таъсираш ба об ҳам мерасад ва ҳар нафаре, ки он обро менӯшад, албатта шифо меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД