shoh palace
ОБИ БИРИНҶ ДАРДИ МЕЪДАРО ДАВО МЕБАХШАД?
15.05.2021
Оила
2627


Марди 65-солаам. Қариб 2 сол боз меъдаам дард мекунад. Парҳез мекунам, вале ҳеҷ не, ки шифо ёбам. Шабҳо аз бехобӣ азоб мекашам, сарам ва гӯшҳоям шуввас мекунанд. Фикру хаёли бисёр маро хоб рафтан намемонад.

Табибон мегӯянд, ки асабҳоятон суст шудаанд. Давоҳои духтурӣ кӯмак накарданд, барои ҳамин аз табиби халқӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев маслиҳат пурсиданиам.

Ч. Боймат, аз Исфара.

Посух

Гиёҳҳое, ки дар мавриди дарди меъда истифода мешаванд, аз ҷониби тибби расмӣ низ эътироф гаштаанд. Ин гиёҳҳо талхявшон, тилосарак, бобуна, барги зуф, момирон, пудинаи боғӣ, чойкаҳак, решаи мармарак, гули ҳамешабаҳор ва тухми зағир мебошанд. Аз гиёҳҳои номбурда ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар шакли омехта даво тайёр кардан мумкин аст. Ман чанд усули одии тайёр кардани гиёҳобро барои дарди меъда ба шумо мефаҳмонам.

Нусхаи аввал
Як қошуқча талхявшонро дар зарфе андохта аз болояш 200 грам оби ҷӯш резед ва монед чанд дақиқа истад, сипас гиёҳобро соф кунед. Саҳар нисфи он обро бинӯшед. Ҳамин тавр чанд рӯз такрор кунед, дарди меъдаатон гум мешавад.

Нусхаи дигар
Агар меъдаатон сахт дард кунад, як пиёла биринҷро шуста ба дег андозед ва аз болояш ду пиёла об рехта, то пухтанаш ҷӯшонед, сипас полонда, ҳамон оби биринҷро рӯзе 4 маротиба ним пиёлагӣ бинӯшед. Аллакай рӯзи дуюм оби биринҷ дарди шуморо таскин мебахшаду ба дигар дорую дармон ҳоҷат намемонад.

Нусхаи сеюм
Барги зуф, бӯймодарони маҳинбарг, гулу меваи хуч, гули дарахти олу ва гули дарахти себро ба миқдори баробар гирифта, омехта намоед ва 3 қошуқ аз ин таркибро ба зарфе андохта аз болояш ним литр оби ҷӯш резед. Даҳони зарфро маҳкам карда, монед чанд соат истад. Рӯзе 3-4 маротиба пеш аз хӯрок аз ин гиёҳоб ним пиёлагӣ бинӯшед.

Агар талхадон варам кунад...
Чандест, ки як тарафам дард мекунад. Ба духтар рафтам, ташхис карда гуфтанд, ки талхадону ғадуди зери меъдаам варам карда, панкреатит шудаам. Илтимос, ягон роҳи осони табобаташро бигӯед.

Исматуллоева Анора, ш. Душанбе.

Посух
Барои одамони ба бемориҳои талхадону ғадуди зери меъда гирифтор давои №1 парҳез аст, бинобар ин, шумо бояд аз хӯрдани хӯрокҳои бирёнӣ, тез, шӯр, равғани ҳайвонот худдорӣ намоед. Дар баробари ин ман ба шумо чанд давои осонро тасвия медиҳам, ки мустақилона дар хона тайёр карда, нӯши ҷон намуда метавонед.

Нусхаи аввал
Як мушт геркулес, олуи сиёҳ ва лаблабуи сурхи аз турбтарошак гузаронидаро дар 2 литр об 15 дақиқа ҷӯшонда, соф карда, обашро бегоҳӣ 2 соат пеш аз хоб хӯред. Аз дока нагузаштаашро субҳ ба ҷойи ғизо истеъмол намуда, шумо худро ба зудӣ солиму бардам эҳсос хоҳед кард. Ин даво гирифторони касалии қанд ва рагҳои хунгардро низ шифо бахшида метавонад.

Нусхаи дигар
Агар талхадонатон сахт ба дард дарояд, оби ними лимӯро бо се як ҳиссаи қошуқчаи чойхӯрӣ содаи хӯрока омехта намуда, аз он рӯзе ду маротиба як қошуқӣ бинӯшед.

Нусхаи сеюм
Як дона себи сабзро майда карда аз болояш 2 пиёла оби ҷӯш резед ва монед 15-20 дақиқа истад. Пас аз ин ба он 1 қошуқ асал илова намоед ва ним соат пас кам-кам хӯред.

Нусхаи чорум
Решаи қоқу ва зираи сиёҳро ба андозаи 15 граммӣ дар 600 грамм об андохта муддате биҷӯшонед, баъд ба он 15 граммӣ гулу барги кокутӣ, пудинаи боғӣ, чойкаҳак, валериана ва талхявшонро илова намуда, монед каме истад. Гиёҳоби ҳосилшударо соф карда, рӯзе 3-4 маротиба ним пиёлагӣ пеш аз хӯрок бинӯшед, дардатонро сабук менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД