Formula novemver 2024
Оби бандкушо чӣ фоида дорад?
08.12.2023
Mahina
838


Аксари кампиракон ба ҷавонзанҳо маслиҳат медиҳанд, ки барои осон гаштани таваллуди фарзанд дар вақти дарди зодан оби бандкушо бинӯшанд.

Аз назари ислом ин об чӣ хусусият дорад?
Шоира, ш. Душанбе.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Аслан дар оби бандкушо ҳеҷ фармудаи шариат нест. Он ҷузъе аз эътиқоди худи мардум аст. Дар он об сураҳои Қуръон ё дуоҳое, ки дорои маънои шаръӣ аст, хонда шавад, нӯшиданаш ҷоиз аст. Аз саҳобагон ва солиҳин ворид шудааст, ки онҳо барои осон шудани таваллуд баъзе дуоҳо ва сураҳоро дар зарфе навишта, сипас дар он об андохта, ба зани ҳомила медоданд. Бинобар ин, шумо ба кампирҳо гӯш карда, аз он об нӯшед. Сураи Қуръон фақат ба бандагон манфиат меораду халос.и

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД