arzon replenishment
Обаки сари кӯдак кай бояд сахт шавад?
659

 

Обаки сари кӯдак, ки ба қавли дигар тоҷ мегӯянд, як минтақаи хурде буда, дар байни устухонҳои косахонаи сар ҷойгир аст, ки дар он мавзеъ устухон вуҷуд надорад.

Обаки сар дар меъёр кай сахт мешавад?

Тавре мутахассисони соҳа мегӯянд, ин марҳила дар ҳама дар як синну сол ҷараён намегирад. Зеро аз рӯи меъёр сахт шудани обаки сар аз 1 то 1,6-солагӣ мебошад. Дар кӯдакони солим суръати афзоиши аз ҳад зиёди ин раванд дар сатҳи генетикӣ муайян карда мешавад ва аз омилҳои беруна каме вобаста аст.

Волидон кай бояд хавотир шаванд?

Дар ҳолате, ки обаки сари кӯдакон дер сахт мешавад, ин нишонаи норасоии калсий ва истеъмоли нокифояи витамини D3 аст. Илми тиб исбот кардааст, ки бемории рахит яке аз сабабҳои маъмултарини басташавии сусти обаки сар мебошад.

Бар замми ин, бемории рахит аксар вақт дар кӯдакони хурдсол, ки табобати пешгирикунанда бо витамини D нагирифтаанд ва зери нурҳои офтоб камтар сайругашт кардаанд, падид меояд.

Дар кӯдаки гирифтори рахит кунҷҳои сараш калони чандирӣ шуда, пушти сар ҳамвор мешавад.

Сабаҳои дигари дер маҳкамшавии обаки сар чист?

Саволе ба миён меояд, ки кадом сабабҳои дигаре ҳастанд, ки ба дер баста шудани обаки сари кӯдак мусоидат мекунанд?

Инҳо метавонанд дисфунксияҳои ғадуди сипаршакл бошанд, масалан, гипотиреоз, ахондроплазия, бемориҳои генетикӣ.

Сабаби камёбтари баста шудани обаки сар - ин баланд шудани фишори дохили косахонаи сар аз сабаби гидросефалия, яъне об доштани мағзи сар мебошад. Ташхис метавонад танҳо аз ҷониби мутахассис дар асоси тасвири умумии клиникӣ гузошта шавад.

Кай ташвиш нолозим аст?

Агар кӯдак солим ва хушҳол бошад, ҳеҷ чиз ӯро ташвиш намедиҳад, пас, эҳтимолан, дуршавӣ аз меъёр хусусияти инфиродии ӯ аст.

Агар шубҳа дошта бошед, ҳатман ба духтур муроҷиат кунед, то вақтро аз даст надиҳед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД