arzon replenishment
Оҳанрабо буғумдардро шифо мебахшад?
2050

 

Мегӯянд, ки буғумдард давои аниқ надорад, вале ман дар ҷое хонда будам, ки оҳанрабо дарди буғумҳоро гирифта, касро аз ин беморӣ наҷот мебахшад. Оё ин рост аст?

Мадина, аз маҳаллаи Испечаки ш. Душанбе.

Ҷавоб

Бо кӯмаки оњанрабо таскин бахшидани дарди банду буғумҳоро одамон ҳанӯз садсолаҳо қабл омӯхта буданд ва имрӯз ҳам афроди аз таъсири муъҷизавии оҳанрабо огоҳ барои рафъи дарди артрит, артроз ва мушакҳо ба дасту пойҳояшон дастпонаҳои магнитӣ мебанданд. Мутахассисон муайян намудаанд, ки чунин дастпонаҳо барои табобати остео-артрит фоидаи хуб мебахшанд. Санҷиши олимони Британия собит сохт, ки оҳанрабо барои рафъи дарди буғумҳо мисли дору ёрӣ мерасонад, вале таъсирашро пас аз як ҳафта эҳсос кардан мумкин аст. Муолиҷа бо оҳанрабо на ба ҳар кас тавсия дода мешавад, масалан, шахсоне, ки ба касалии қанд гирифтор буда, инсулин қабул мекунанд, бо оҳанрабо табобат карданашон мумкин нест.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД