Моҳи шарифи Рамазон ҳам омад. Дар ин моҳ мусалмонон рӯза медоранд ва кӯшиш мекунанд, ки ҳар чӣ бештар аз рӯйи тартиби шариати Ислом фаъолият бикунанд. Вале на ҳама қавонини шариатро медонанд.
Бинобар ин, дар арафаи моҳи Рамазон хонандагон ба идораи “Оила” бо суолҳои зиёде муроҷиат мекунанд. Ба бархе аз ин саволҳо рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо посух медиҳанд.
Инсоф ба тоҷирон
-Ҳар сол баробари фаро расидани моҳи шарифи Рамазон савдогарҳо нарху наворо якбора ба осмони ҳафтум мебардоранд. Магар дар назди Худованд ҷабр кардан ба киссаи мардум гуноҳ нест?
Бародарон Акмал ва Сафарбек,
аз н. Ҳисор
Посух:
-Албатта, гуноҳ аст. Дар моҳҳои Рамазон мардуми мусулмон набояд дар болои молашон фоиз гузоранд ва нархро гарон кунанд, балки бояд аз сари фоидаҳояшон ҳам бигзаранд. Хоҳанд, ки савоби даҳчанд аз моҳи Рамазон бардоранд, тоҷирон бояд молро бо ҳамон нархе, ки мегиранд, фурӯшанд ва ба камбағалу нодору ятиму барҷомондагон хайру садақа кунанд. Касе, ки дар ин моҳ нархро баланд карда, барои мардум вазнинӣ эҷод мекунад, раҳму инсоф надорад.
Рӯзаи носкаш фосид мешавад?
-Дар моҳи Рамазон кайфи нос маро сахт азоб медиҳад ва барои ҳар майда чӯйда пайвандонамро дашном дода метавонам. Мегӯянд, ки на танҳо даҳон, балки забони одам низ бояд рӯзадор бошад. Мехоҳам донам, ки аз кайфи нос дашном додан рӯзаро фосид месозад ё не?
Сафарбек, сокини ш. Қурғонтеппа.
Посух:
-Ман аслан одами носкашро дӯст намедорам. Ҳайронам, ки чаро баъзеҳо ба даҳони покизае, ки номи Оллоҳро мегиранд, нос мепартоянд. Вой ба ҳоли занҳое, ки бо чунин мардон зиндагӣ мекунанд. Носкашӣ ва дашном додан албатта, рӯзаро фосид месозад.
Пивонӯшӣ дар Рамазон
-Ба пиво сахт одат кардаам. Пиво нӯшокии ғайри алкоголӣ ба ҳисоб меравад. Дар ифтор пиво нӯшам, рӯзаам фосид намешавад?
Бахтиёр, аз ш. Душанбе.
Посух:
-Пиво гуфта, оби ҷавро мегӯянд. Оби ҷаве, ки градус ё ҳарорат надорад ва дар зарфаш “ғайриалкоголӣ” буданаш дарҷ гашта бошад, нӯшиданаш боке надорад. Ҳамин гуна маҳсулот аз Эрону Покистон ва Дубай меояд. Пивое, ки ҳатто як градус алкогол дорад, нӯшиданаш ҳаром аст!
Бӯсаи рӯзадор
-Чанд рӯз пеш зан гирифтам. Ҳоло арӯсу домоди навем ва ба якдигар шавқу рағбати зиёд дорем. Арӯсамро бӯса кунам, рӯзаам намешиканад?
Меҳрубон, сокини ш. Душанбе
Посух:
-Шаҳвати ҷавон аз шаҳвати пиронсол фарқ мекунад, бинобар ин, беҳтар мешавад, ки ҷавонмардон дар моҳи Рамазон рӯзона ба занҳояшон на дастдарозӣ кунанд ва на бӯсобӯсӣ намоянд. Шабона, то субҳдам бӯсаву меҳрварзиро шариат манъ накардааст, ҳар қадар меҳрубонию навозише, ки мехоҳед, то дамидани субҳ кунед.
Дарвозаи рӯзадорон
-Рост аст, ки дар моҳи рамазон дарвозаҳои биҳишт ба рӯйи бандагони Худо кушода мешаванд?
Ҳасан Ниёзбоқиев,
ноҳияи Айнӣ, деҳаи Похут
Посух:
-Саҳл ибни Саъд разияллоҳу анҳу ривоят кардаанд, ки Ҳазрати Муҳаммад (С. С.) фармуданд: «Дар Биҳишт дарвозаест, ки «Райён» ном дорад. Рӯзи қиёмат фақат рӯзадорон аз он дарвоза дохил мешаванд.
Иҷобати дуои рӯзадор
-Шунидам, ки дар моҳи Рамазон Худованд тамоми дуоҳоро мустаҷоб мегардонидааст. Шунидаам то куҷо ҳақиқат дорад?
Сӯҳроб, сокини н. Рӯдакӣ
Посух:
-Дуои одами рӯзадор мустаҷоб мешавад. Дар китоби «Нурул воъизин» омадааст, ки ҳазрати Мӯсо (а) бо Худованд роз мегуфт ва дар муноҷоташ пурсид: «Илоҳӣ, Ту маро бо такаллум кардан бо худат иззат додӣ. Оё чунин иззатро ба дигарон ҳам додаӣ?» Худованд ба Мӯсо (а) ваҳй кард:-Ё Мӯсо (а), бидон, ки дар охирузамон ман бандагони рӯзадорамро дар моҳи Рамазон иззати зиёд мекунам. Вақте бо ту сухан мегӯям, миёни мо ҳафтод ҳазор парда аст. Вақте умматони Муҳаммад (с) рӯза мегиранд (аз гуруснагиву ташнагӣ) лабҳояшон хушк ва рангҳояшон зард мешавад, ман ҳиҷоб (парда)-ҳои худро дар вақти ифтор боло мекунам.
Ҷазои рӯзахӯр
-Ба касоне, ки рӯза намегиранд, фардои қиёмат Худованд чӣ ҷазоро раво мебинад?
Мастура, донишҷӯ
Посух:
-Рӯза надоштан дар қатори намоз нахондан, зино кардан, падару модарро ҳурмат накардан аз гуноҳони кабира ба ҳисоб меравад. Касе, ки ин гуноҳро содир мекунад, дар пешгоҳи Парвардигор фардо мавриди иқоб қарор мегирад. Азизони Худо мегӯянд:
Надорӣ тоқати як захми сӯзан,
Наметарсӣ чаро аз сӯзи гулхан?
Марги беимон
-Шунидам, ки касе дар моҳи шарифи Рамазон вафот кунад, рост ба ҷаннат меравад. Он одам зинокор бошад чӣ?
Фотима, шаҳри Душанбе
Посух:
-Бузургворе дар ин бора гуфтааст: «Парвардигоро маро марг диҳӣ, қабул дорам, агар зиндагонӣ диҳӣ, онро низ қабул дорам. Марг диҳӣ, марги боимонам деҳ, рӯзи одинаву моҳи рамазонам деҳ.» Марге, ки бо имон бошад, хуб аст, вале беимон бошад.... Сагҳо низ дар моҳи шарифи Рамазон мемуранд. Худованд ба ҳама бандагонаш марги боимон диҳад. Худованд онҳоеро, ки муртакиби гуноҳи кабира мешаванд, азоби алим мекунад. Инсон бояд худаш хулоса барорад: ман, ки тоқати як хори дар поям халидаро надорам, ба ҷазои Худованд чӣ гуна тоқат хоҳам кард?!
Эътикоф чист?
-Марде, ки дар масҷиди панҷвақта ба эътикоф (гӯшанишин) нишастааст, метавонад, барои хондани намози ҷумъа ба масҷиди ҷомеъ равад?
Акбари Аскар, ноҳияи Айнӣ.
Посух:
Дар даҳ рӯзи охири Рамазон дар масҷид эътикоф нишастан суннат аст. Касе эътикоф бишинад, барояш беҳуда аз масҷид баромадан ҷоиз нест. Танҳо барои қазои ҳоҷат, вузӯ, ғусл ва хондани намози ҷумъа дар масҷиди ҷомеъ метавонад, аз масҷиди маҳалла берун барояд. Баробари тамом шудани намоз бояд ба масҷиди худаш баргардад. Агар дар масҷиди ҷумъа баъди намоз таваққуф кард, эътикофаш фосид мешавад. Камтарин муддати эътикоф нишастан аз назари Имоми Аъзам (р) як рӯз аст ва дар даҳаи охири Рамазон як рӯз ҳам дар масҷид истодан эътикоф ҳисоб меёбад. Ҳангоми эътикоф нишастан, шахс метавонад, дар масҷид ғизо хӯрад (шому саҳархӯрӣ) ва бихобад.