Соҳибкори муваффақи тоҷик, роҳбари ширкати сохтмонии “Сарманзил”, вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе, марди хайрхоҳу дарёдил Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов дар партави сиёсати иҷтимоии роҳбари давлат дар арафи Иди Қурбн ба ниёзмандону барҷомондагон дасти кӯмак дароз намуда, маводи ғизоӣ хайр кард. Бастаи кӯмакҳои ғизоӣ ба 300 нафар маъюбони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо бо манзилҳояшон расониданд.
Маҳмудҷон Муродов ҳамчунин ба беш аз 140 нафар омӯзгорону толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и шаҳри Душанбею 80 нафар хизматчиёни қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва дигар шахсони ниёзманд кӯмаки якдафъаинаи ғизоӣ тақсим кард.
Бастаи кӯмакҳои ғизоӣ аз маҳсулоти ниёзи аввал аз қабили орд, шакар, равған, биринҷ, макарон ва шириниҳо иборат буд.
Кӯмакгирандагон ба ин марди хайрандешу накӯкор минаттдории худро баён намуда, шукронаи тинҷиву ободии кишвар намуданд.
Чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ин соҳибкори хайрхоҳи тоҷик ба шахсони ниёзмандону нотавон дасти мадад дароз мекунад.