Ин субҳ хабари марги рӯҳонии машҳур Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ҳаводоронашро ғамгин намуд. Ӯ дар синни 70 солагӣ аз олам даргузашт ва сабаби марги ӯро нагуфтаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамагӣ даргузашти ӯро талафоти бузург номида, барои маит охирати ободро дуогӯ ҳастанд.
Имрӯз ҷанозаи ин домуллои машҳур вақти намози пешин дар шаҳри Душанбе ва ба тахмини дигар дар ноҳияи Фархор баргузор мегардад.
Исмоил Пирмуҳаммадзода 1 июли 1952 дар деҳаи Санги Кулӯла, ноҳияи Сарихосор, вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Соҳиби таҳсилоти олист,
Аксҳои Махсуми Исмоил Пирмуҳаммадзодаро рӯзи 14 май дар маҳфиле дар "Боргоҳи сухан" ва дар маҳфили бузургдошти Ҳошим Гадо, ҳунарманди мардумии ИҶШС дар Хонаи синамогарони Тоҷикистон дар рӯзи 10 май аз ҷониби Суҳроб зиёд хабарнигори тоҷик бардошта шудааст ва охирин аксҳои ӯ дар иштироки охирин суханрони дар маҳфиле буд.
Исмоил Пирмуҳаммадзода наттоқ ва ровии моҳир буда, садои шевои гӯшнавозаш дар хазинаи тиллоии радио сабт ёфтааст, дар радиои ҷумҳурӣ дар хондани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ», «Осори Мирзо Бедил», «Осори устод Рӯдакӣ», «Аз ҳаёт ва фаъолияти халифаи одил Умари Абдулазиз» наттоқӣ кардааст. Исмоил Пирмуҳаммадзода аз соли 1991 имом-хатиби Маcҷиди марказии ноҳияи Ҳисор ба номи Муҳаммад мебошад. Исмоил Пирмуҳаммадзода маслиҳатгар ва раҳнамои мардум аст, суханонашро бо аҳодис ва абёти бузургон тақвият бахшида, шунавандагонро ба хушсуханиву накӯкорӣ даъват мекунад. Исмоил Пирмуҳаммадзода ба асппарварӣ ва варзиши аспдавонӣ мухлис аст. 21.03.2009 аспи сиёҳмушкинаш дар мусобиқаи аспдавонии ш. Душанбе соҳиби «Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуд.
Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2008) , барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи А.Лоҳутӣ (2010), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2012), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2012), дорандаи медали «100-солагии матбуоти тоҷик» (2012), унвони «Падидаи сол» (2010)