arzon replenishment
Ҳоҷӣ бояд аз чӣ парҳез кунад?
741


Домуллои муҳтарам. Шумораи ҳоҷиён сол то сол зиёд шуда истодааст, аммо аксари онҳо дағалгуфтору ботакаббур ҳастанд, ки ба шаъну шарафи инсонӣ дуруст намегирад.

Мегуфтед, ки шахси ба ҳаҷ рафта бояд аз кадом корҳо парҳез намояд?

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ, Сардори Раёсати фатвои ҶТ

Вақте шахс зиёрати Каъба мекунад, бояд тағйироте дар гуфтору дар рафтори ӯ дида шавад. Мутаассифона, баъзеҳоро мебинем, баъди адои ҳаҷ ба амалҳое даст мезананд, ки ягон нафари ба ҳаҷ нарафта, чунин корҳои зишту қабеҳро анҷом намедиҳад.

Худованд дар Қуръон таъкид мекунад, ки: “Аз ҳама шахси ба ман наздик ва аз ҳама шахси муътабар шахсест, ки ботақво бошад”.

Худованд нагуфтааст, ки ҳоҷӣ, қорӣ ва ё каси дигар, танҳо ботақво буданро бартарӣ додааст. Як рукни ҳаҷ сангзании шайтон аст. Фалсафаи сангзанӣ дар он аст, ки бо ин амал инсон тамоми ахлоқи бади худро тарк карда аз он ҷо мисли тифли навзод пок баргардад. Аммо ин чиз дар ҳоҷиҳои мо кам мушоҳида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД