Имрӯз дар меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенсии пойтахт маросими расмии пӯшидашавии Ташаббуси “Нури рӯшноӣ” дар Тоҷикистон 2020-2023 баргузор гашт.
Ҳадафи асосии чорабинӣ муаррифӣ намудани натиҷаҳои асосии Ташаббуси “Нури рушноӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, хонум Парвати Рамасвами, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, ҷаноби Раймундас Кароблис, намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ Олимҷон Аҳлиддинов, намояндаи Хазинаи нуфуси аҳолии СММ Зоир Қӯзиев, Раиси гурӯҳи машваратии ҷомеаи шаҳрвандӣ хонум Гулҷаҳон Бобосодиқова, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, Суди Олии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, аъзоёни Кумитаи миллии роҳбарикунанда ва ҳамоҳангсозони Ташаббуси “Нури рушноӣ” аз вазорату идораҳои соҳавӣ, Агентҳои СММ –гирандагони воситаҳо, аъзоёни гурӯҳҳои машваратии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Дар чорабинӣ нуқтаҳои асосии ҷузъи 6 барномаи мукалламе, ки аз ҷониби Ташаббуси “Нури рушноӣ” дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон амалӣ карда шуданд, бори дигар рӯнамоӣ гаштанд.
Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии Ташаббуси “Нури рӯшноӣ” таъмини баробарии гендерӣ, хотима гузоштан ба ҳама гуна шаклҳои хушунат нисбат ба занону духтарон, паст кардани шиддати зӯроварӣ дар оила, мусоидат намудан ба дастрасии кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба таҳсил буда, дар бадали 3 сол дар доираи ин ташаббус дар ҷумҳурӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.
Аз ҷумла “Мактаби фаъолони гендерӣ” ташкил карда шуд, ки аллакай зиёда аз 60 нафар онро хатм намуданд ва минбаъд фаъолияти худро ба тарғиби баробарии гендерӣ дар ҷомеа равона хоҳанд кард.
Дар чорабинӣ ҳамчунин доир ба ҷалби мардон ба ҳалли масъалаи пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон ва пешгирии ҳама гуна шаклҳои хушунат нисбат ба кӯдакон, наврасон ва ҷавонон сухан рафт. Зикр шуд, ки бо ибтикори Ташаббуси “Нури рушноӣ”бо мақсади пешгирии хушунат нисбат ба кӯдакону наврасон дар чанд мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ қуттиҳои махсус барои арзу шикоятҳо насб карда шудаанд, то нисбати арзу шикояти мактаббачаҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Таъкид гардид, ки барнома ба натиҷаҳои баланд, аз ҷумла баррасӣ ва таҳлили қонунгузорӣ, сиёсат ва расмиёти асосии Тоҷикистон ноил гашт. Мавзӯъҳои барномаро ба сиёсатҳои асосии рушди миллӣ, барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои чорабиниҳо ворид намуданд ва ин ба таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавӣ асос гузошта, огоҳӣ ва дониши беш аз 99284 нафар баланд бардошта шуд. Барнома инчунин расонидани хадамоти беҳтари тиббӣ ва равониро ба онҳое, ки аз хушунат дучор шудаанд, таъмин намуда, ҳамзамон иқтидори провайдерҳои хадамотро тақвият дод ва шабакаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолонро дастгирӣ карда, барои рушди тавонмандии занону духтарон кӯмак расонд.
Тавре ки Роҳбари ташкилоти “Гендер ва тараққиёт” хонум Вилоят Мирзоева зимни суҳбат бо хабарнигори сомонаи Оила. ТЧ гуфт:
-Ташаббуси “Нури рушнои” ба татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила мусоидат намуда, барои таъмини баробарии гендерӣ дар ҳама соҳаҳо кӯмак мекунад. Ҳадафи асосӣ албатта дастгирӣ намудан ва кӯмак расондан ба занону духтарони бо хушунату зӯроварӣ рӯ ба рӯ гашта ва таъмини баробарии гендерӣ буд. Барнома бисёрҷабҳа буда, аз шаш кампонент иборат буд ва натиҷаҳои хубе дод, вале хушунату зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон натанҳо мушкили Тоҷикистон, балки мушкили ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, пурра решакан кардани он талоши зиёде мехоҳад, бинобар ин, хуб мебуд, ки чунин ташахсусҳо минбаъд низ идома дода шаванд.
Дар охир қайд шуд, ки дар доираи Ташаббуси “Нури рушноӣ” ба маблағи 330 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизоти гуногун харидорӣ ва ба гирандагон расонида шуд.