Нуралӣ Эмомалӣ, паҳлавонписари тоҷик шарафи варзишии мамлакатро баланд бардошта, қаҳрамони ҷаҳон гашт. Ин тоҷикбачаи шуҷоъ ҳарифони пурзурашро мағлуб намуда, бори дигар собит сохт, ки тоҷикон ворисони арзандаи Рустами Достон мебошанд..
Нуралӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ДЗЮДО дар байни ҷавонон, ки дар шаҳри Гуаякили Эквадор баргузор гашт, комёбии беназир ба даст оварда, соҳиби медали тилло гашт.
Нуралӣ Эмомалӣ, ки дар ин мусобиқаи баландпяои варзиши расман Тоҷикистонро муаррифӣ менамуд, дар вазни -66кг ҳарифонашро мағлуб намуда, ғолибият ба даст овардааст.
Дар даври якуми мусобиқа ин ҷавонпаҳлавони тоҷик бо варзишгари Италия, дар даври дуюм бо намояндаи Фаронса ва дар чорякфинал Муҳаммад Демир, варзишгари туркро шикаст дода, ҳамин тавр ба даври нимфиналӣ роҳ ёфт.
Дар нимфинал Нуралӣ Эмомалӣ бо Извореану Раду аз Молдова қувваозмоӣ намуда, ин варзишгари тавоноро низ шикаст дод.
Дар даври финалии мусбиқа Нуралӣ бо варзишгари ӯзбек, Қаҳрамони феълии Осиё байни ҷавонон - Азизбек Ортиқов қувваозмоӣ намуда, пирӯзӣ ба даст овард ва сазовори медали тиллои мусобиқа гашт.
Ногуфта намонад, ки дар баробари дарёфти медали тилло, Нуралӣ Эмомалӣ ҳамчунин соҳиби 700 имтиёз ва ҷоизаи пулӣ дар хаҷми 2000 доллар гаштааст.
Ин дуюмин медали тиллое мебошад, ки паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ дар риштаи ДЗЮДО ба даст оварданд. Нахустин медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг моҳи октябри соли 2019 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ДЗЮДО дар байни ҷавонон дар Марокаш ба даст оварда буд.
Чемпионат идома дошта, имрӯз Масъуди Аҳмадзод дар вазни 73кг Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард. Оғози рақобатҳо - соати 21:30 бо вақти Душанбе пешбинӣ шудааст.