Дар шаҳри Душанбе Маҷлиси умумии ғайринавбатии интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии “Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон” баргузор гардид.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар кори ҷаласа намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, роҳбарият ва аъзои федератсия, мураббиён, варзишгарон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими фаъолияти федератсия, аз ҷумла натиҷаҳои кори солҳои охир, дурнамои рушди тенниси рӯи миз дар кишвар ва такмили заминаи моддию техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба омодасозии варзишгарони ҷавон, боло бурдани сатҳи касбии мураббиён ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ зоҳир гардид.
Дар қисмати асосии ҷаласа интихоботи роҳбарияти федератсия баргузор шуда, бо овоздиҳии иштирокчиён Нуралӣ Арабзода ба вазифаи раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ дар суханронии худ аз эътимоди иштирокчиён изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ин навъи варзиш, фароҳам овардани шароити беҳтар барои варзишгарон ва баланд бардоштани мавқеи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод.