Formula novemver 2024
НОЗУКИҲОИ НИГОҲУБИНИ ПӮСТИ АТРОФИ ЧАШМ
09.09.2021
Оила
1309

 

Чину ожангҳои аввалин дар атрофи чашм пайдо мешаванд, вале ин маънои пир шудани инсонро надорад. Аниқтараш, пиршавӣ яке аз сабабҳои муқаррарии пайдоиши чинҳои зери чашм мебошаду сабаби маъмули дигараш нигоҳубини нодурусти атрофи чашм ва ба таври кофӣ нарм накардани пӯсти ин мавзеи рӯй мебошад.

Вақте пӯсти атрофи чашм бе об мешавад, яъне ба қадри кофӣ намнок намегардад, хушк гашта, ба осонӣ кашиш мехӯраду дар натиҷа ожанг пайдо мешавад. Барои он ки пӯсти атрофи чашматон хеле барвақт ожанг пайдо накунад, аз давраи ҷавонӣ пӯсти атрофи чашмро нигоҳубин намоед. Гелу малҳамҳои сабуки махсусро мувофиқи пӯсти гирди чашм интихоб намоед.

Ба ҳеҷ ваҷҳ малҳам барои рӯятонро ба пӯсти атрофи чашм намолед. Зеро қабати пӯсти поёни чашм аз мавзеи дигари пӯсти рӯй фарқ карда, нисбатан тунук асту чунин малҳамҳо барои пӯсти нозуки ин мавзеъ вазнинӣ мекунанд.

Пӯсти атрофи чашро кашиш надиҳед

Истифодаи малҳамҳои номувофиқ бошад, боиси пайдо шудани чинҳои атрофи чашм мегардад. Агар шумо ҳамарӯза чашматонро рангу бор мекарда бошед, ба чӣ гуна амал намудани худ диққат диҳед. Аслан, ҳангоми пардози чашм духтарон ба хотири хати рост кашидан бо қалам, чашмонашонро нимпӯшу пӯсташонро болову поён мекунанд. Ҳамаи ин амалҳо низ боиси пайдошавии чинҳо мегарданд.

Аз ин лиҳоз, ҳангоми пардози чашм кӯшиш намоед, пӯстро зиёд кашиш надиҳед.

Ғайр аз ин, дар ҳавои офтобӣ бе айнак ба кӯча набароед. Вагарна, пайваста нимпӯш кардани чашмон низ боиси пайдоиши чинҳои атрофи чашм мегарданд.

Чашмонатонро нимпӯш накунед

Чинҳои атрофи чашмро чинҳои мимикӣ ҳам номидан мумкин аст. Ҳангоми мимикаи рӯй, мушакҳо ҳамарӯза қатъ мегарданду суст мешаванд, дар натиҷа пӯсти атрофи чашм як ҷамъ мешаваду як тунук. Бо сабаби он ки бо рафтани синну сол пӯсти атрофи чашм тароваташро гум мекунад, баъди қадшавӣ дигар ҳамвор намешаваду ана ҳамин тавр дар атрофи чашм чинҳо пайдо мешаванд.

Нафароне, ки эҳсосоти худро бо мимикаи рӯй нишон медиҳанд (хурсандӣ, хафагӣ, ба ҳайрат омадан ва ғ), бештар чинҳои мимикӣ пайдо мекунанд.

Ниқоб молед

Агар ҳамарӯза аз ин воситаи халқӣ истифода баред, чинҳои аллакай пайдошударо ноайён месозед. Дар аввал аз ҷаъфарӣ (петрушка) гиёҳоб омода созед -1 қошуқ ҷаъфарии резаро дар ним истакон оби ҷӯшомада 15 дақиқа дам партоед. То дам хӯрдани гиёҳоб, як картошкаро пӯст карда, аз турбтароши сӯрохиҳояш хурд гузаронеду ба 1 қошуқи он 2 қошуқ гиёҳоби ҷаъфарӣ ва 1 қошуқ равғани зайтун ё равғани дилхоҳи растанӣ омехта созед. Ҳамаашро омезиш диҳеду болои докаи чандқабата гузошта, ба чашмони худ андак зер карда, 15-20 дақиқа нигоҳ доред. Чунин ниқобро беҳтараш бегоҳ, пеш аз хоб истифода бареду баъди гирифтани он рӯятонро нашӯед.

Равғани зайтун пӯсти атрофи чашро хеле хуб нарм мекунонад. Онро ба ҷои малҳами шабона истифода бурдан мумкин аст. Равғани мазкурро бо нӯги ангуштон ба пӯсти атрофи чашм моледу тамоми шаб нигоҳ доред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД