Sebiston new 2024 october
Нозияи Кароматулло соҳиби ҷоиза шуд!
827


Нозияи Кароматулло, овозхони ҷавону хушсалиқа ва шӯҳратёри тоҷик дар қатори чандин чеҳраҳои дигари шинохтаи кишвар бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардид.

Санаи 25-уми августи соли ҷорӣ ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри миллат бо иштироки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат мӯҳратам Эмомалӣ Раҳмон маросими тақдими ҷоизаву мукофотҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, сурат гирифта, дар қатори дигар фарзандони шоистаи миллат Нозияи Кароматулло низ соҳиби ҷоиза гашт.

Нозияи Кароматуллоҳ дар саҳифаи фейсбукиаш баъди гирифтани мукофоти давлатӣ чунин навиштааст:
“Сипоси бекарон ба Пешвои муаззами миллат, мардуми азизам ва тамоми ҳаводорон барои қадрдонии ҳунарам. Аз замин то осмонҳо шодам. Кӯшиш мекунам, ки ба поси ин қадрдониҳову эҳтиром бо илҳоми тозаи эҷодӣ посухи шоиста диҳам”.

Ёдрас мешавем, ки Нозияи Кароматуллоҳ хатмкардаи мактаби мусиқии ба номи Малика Собироваи пойтахт дар соли 2005 мебошад. Нозияи Кароматулло аз зумраи овозхонҳои касбии тоҷик буда, соли 2010 бахши академии санъат, вокал ва рақси Консерваторияи миллии Ҳиндустонро бо дипломи аъло хатм намудааст.
Нозия соли 2007 дар озмуни рақси классикии «Kathak» дар Ҳиндустон ғолиб дониста шуд.

Дар ҳоли ҳозир Нозияи Кароматулло узви ансамбли эстрадии «Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бародараш Муҳаммадрафии Кароматулло роҳбари бадеии ҳамин ансамбл мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД