Formula novemver 2024
Нозила Ғанӣ аз Тоҷикистон хост аз озодии дин ва эътиқод ҳимоят намояд
643

Нозила Ғанӣ, гузоришгари махсуси Созмони Миллали Муттаҳид дар корҳои озодии дин ва эътиқод дар поёни боздиди 10-рӯзаи худ, аз Тоҷикистон даъват кард, ки қонунҳо, сиёсатҳо ва амалияҳои худро дар самти дину эътиқод таҷдиди назар намояд.

Ӯ дар нишасти матбуотии худ, ки дар қароргоҳи СММ дар Душанбе доир гардид, аз мақомоти Тоҷикистон хост гузаштаро пушти сар гузошта, аз озодии дин ва эътиқод ҳимоят намояд.

Нозила Ғанӣ гуфт, ба саволи ӯ "Чаро занон ба масҷид намераванд?" мақомоти марбутаи тоҷик гуфтааст, мувофиқи фирқаи ҳанафия ба занҳо дастур дода нашудааст, ки ба масҷид раванд. Аммо, хонум Нозила мехоҳад ба занҳо низ имконият дода шавад, ки ба масҷид раванд ва дар ҷамъ ибодат кунанд.

Инчунин, хонед:

СУҲБАТИ РАМАЗОНӢ БО ҲОҶӢ ИСМОИЛ ПИРМУҲАММАДЗОДА

Ӯ зикр кард, ки ин дастур дар доираи татбиқи озодии дин ё эътиқод аз кафолатҳои қонуни байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба таври нигаронкунанда дур аст, ки Тоҷикистон ба он уҳдадорӣ гирифтааст.

Эҳтиром ба озодии дин ва эътиқод бояд дар фаъолияти оммавӣ низ ба чашм намоён бошад ва бояд ба ҳама, аз ҷумла занон, ақалиятҳои диниву эътиқодӣ ва кӯдакону ҷавонон дахл дошта бошад. Ба онҳо бояд иҷозат дода шавад, ки аз ин озодӣ дар якҷоягӣ бо дигарон бархӯрдор шаванд”, - афзуд Нозила Ғанӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД