Ба хона рафта, аксгиракро ба Назокат додаму худ машғули тамошо кардани суратҳо шудам. Дар аксҳо Роҳила бо як бачаи донишҷӯ буд. Роҳила сари худро ба китфи он ҷавон монда, сурат гирифта буд.
Боз чанд сурати дигаре буд, ки дар он Назокату Роҳила ва ҳамон ҷавони донишҷӯи курси 4- ум буданд. Ба фикрам суратҳоро дар боғи фароғатӣ гирифта буданд. Бегоҳ Парвиз низ аз кор омад. Ба ӯ гуфтам:
- Парвизҷон, агар фаҳмӣ, ки Роҳилаи ту бевафоӣ кард, чӣ кор мекунӣ?
- Эҳ Хуршед, ҳеҷ кор не, аввалан ман аз Роҳила чунин умед надорам, дуввум агар ин корро кунад, муносибатамро бо ӯ қатъ мекунам
Ман аксҳоро ҷониби Парвиз дароз кардам. Аввал дар ҷояш шах шуд, баъдан худро ба даст гирифту ба Роҳила занг зада, бо ӯ ҷанҷол бардошт. Ман суратҳоро пинҳон кардаму дигар ба Парвиз нишон надодам. Роҳила бошад, дар ғазаб шуда, дарҳол ба Назокат занг мезанаду аз ӯ аксҳоро мепурсад. Назокат бошад, мегӯяд, ки суратҳо дар хонааш ҳастанду ба касе надодааст. Он гоҳ Роҳила ба ҷавоне, ки ҳамроҳаш сурат гирифта буд, занг мезанаду бо ӯ муноқиша мекунад. Акнун Роҳиларо бо он ҷавон ҳам муносибаташ канда шуда буду бо Парвиз низ.
Парвиз шабҳо азоби бедорхобӣ мекашид. Вақтҳои охир аз сихзании дилаш шикоят мекардагӣ шуд. Ӯро ба назди кардеолог бурда, ташхис намудем. Духтур гуфт, ки бояд ҳатман оиладор шавад, сихзании дилаш аз сабаби ошиқ шуданаш мебошад. Пас аз чанде боз фаҳмидам, ки Роҳила бо Парвиз оштӣ шудааст. Албатта бо суханҳои ширину фиребҳояш дили ӯро аз нав ба даст овардааст. Дигар дилам ба Парвиз насӯхт. “Кӯр асояшро ду бор гум мекунад” мегӯянд, лекин Парвиз бори чандум буд, ки асояшро гум мекарду он ба ӯ ҳеҷ панде намегардид. Сессия ба охир расид. Роҳила акнун мехост аз Парвиз ҷудо шавад. Баҳонаи хуб низ ёфта, гуфта буд, ки “маро ҳеҷ гоҳ оилаамон ба роҳи дур ба шавҳар намедиҳанд”. Бо ҳамин муносибаташро канда кард. Мо низ ба истироҳати меҳнатӣ баромадему бо Парвиз ба Панҷакент баргаштем. Ҳар ду машғули корҳои худ будем, Парвиз фикри Роҳиларо кунад ҳам, аҳволаш чандон бад набуд.
Охири август ба Душанбе баргаштем. Дар кафедра моро даъватномаи тӯйи Роҳила интизор буд. Парвиз ба чашмони худ бовар намекард. Рӯйҳояшро сурхӣ дамиду ба берун баромад. Ҳамин вақт дӯсти дигарамон Манучеҳр аз дар даромад.
- Хуршедҷон, ба Парвиз чӣ шуд? Рангаш сурх, салом додам, гӯё ҳеҷ чизро нафаҳмида бошад, аз наздам беэътибор гузашта рафт.
- Сабаб ана ҳамин,-гӯён, даъватномаи тӯйи Роҳиларо нишон додам.
- Эҳ Парвиз, Парвиз, ман аз аввал медонистам ки ин духтар оташ аст. Барои ҳамин дугонааш Назокатро партофтам. Ман Назокатро фиреб додаму Роҳила Парвизро, ана гапу мана гап. Онҷо диле шикаставу инҷо дили дигаре.
Аз байн чанд вақт гузашту ман барои ба аспирантура дохил шудан, ба Москва омадам. Пас аз чанд вақт Парвиз ба ман занг заду “як хушхабар” гӯён, ба гап даромад:
- Ба тӯйи додарат намебиёӣ, Хуршедҷон? Ман оиладор шуда истодаам,-аз шунидани ин гап хушҳол шудаму “арӯс кӣ бошад” гӯён, пурсидам.
- Арӯсро ту ҷӯраҷон намешиносӣ, ман бо ӯ дар маршрутка шинос шудам. Чун ба мусофирбар ворид шудам, духтар аз ҷояш бархосту ба ман ҷой дод. Писандам омаду суроғаи хонаашонро пурсида, хостгор фиристодам. Ман акнун хушбахтам, Хуршедҷон. Ниҳоят хушбахт!
Дунёро дурӯза мегӯянд, мо низ набояд ғам хӯрему дар ғами касе худро пир созем. Касе, ки қадри моро медонад, боиси ашки чашмамон намегардад. Касе, ки дар ҳақиқат дӯст дорад, бевафоӣ намекунад. Парвиз низ бахти худро ёфту ман бениҳоят хурсанд шудам. Вале ба фикрам, захме ки Роҳила дар дили ӯ гузошт, то абад бо Парвиз хоҳад монд.
“Кошонаи Шаҳло”