Роҳила духтари зебо, чашмони сиёҳу қомати баланд дошт. Бо ҳусну ҷамолаш зуд ба назар мерасид.
Аз байн чанд рӯз гузашт, Парвиз Роҳилаи нозанинро гусел мекард. Рӯзҳои аввал то дари донишгоҳ, баъдан то истгоҳ, баъд то истгоҳи мошинҳо (Роҳила аз ноҳияи дигар буд). Оҳиста-оҳиста Парвиз Роҳиларо то хонаашон мебурдагӣ шуд. Ҳарду бо ҳам унс гирифта буданд. Ба гуфти Парвиз якдигарро дӯст медоштанд. Роҳиларо намедонам, вале дӯсти нозукдили ман- Парвизҷон дафъаи сеюм ба доми ишқи духтаре уфтода буд. Хаёлиеро мемонд Парвиз, ки дар орзуҳои худ фурӯ рафта буд. Дар забонаш танҳо номи Роҳила буд. Маҷнуни асри 21 гардида буд. Кам хӯрок мехӯрду зиёдтар дар фикри Роҳила буд. Баъдан фаҳмидам, ки дӯсти дигарамон Манучеҳр бо дугонаи Роҳила Назокат аҳду паймони ишқ бастаанд. Акнун ду нафар дӯст ду дугонаро гусел мекардагӣ шуданду баъдан ҳамроҳ ба Душанбе бармегаштанд. Кор ба дараҷае расид, ки Парвиз назди ман омада, хоҳиш намуд, ки баҳоҳои Роҳиларо гузорам. Корҳои курсии Роҳиларо худ менавишт. Рӯзе аз ӯ пурсидам:
- Дӯстам, чаро ин тавр мекунӣ? Магар Роҳила бо ту ба хотири баҳо гап мезанад?
- Не, Хуршедҷон, чиҳо мегӯӣ? Ман Роҳиларо дӯст медорам, ӯ низ маро дӯст медорад. Муҳаббати мо пок аст. Муносибати мо ҷиддист, бозича нест. Ман мехоҳам ӯро арӯси хонадонам созам. Барои ҳамин намехоҳам модари фарзандони ояндаамро ғам диҳам.
Ба Парвиз гуфтам “агар вазифаҳои ба Роҳила супоридаамро иҷро кунӣ, баҳояшро мемонам”. Парвиз “барои Роҳила лозим ояд, ҷонамро фидо месозам” гуфт. Супоришҳое, ки муаллимон ба Роҳила медоданд, худаш иҷро мекард. Ҳар рӯз панҷ соат тавассути телефон суҳбат мекарданд. Роҳила дар навбати худ баҳоҳои ҳамкурсонашро ҳам гирифта, медодагӣ шуд.
Рӯзи 14-уми феврал, ки онро рӯзи ошиқон мешуморанд, Парвиз ниҳоят хушҳол ба хона даромад. Роҳила ба Парвиз ва худаш телефони ZT ва ё ТК-мобайлро туҳфа карда буд. Муҳимаш он буд, ки гуфтугӯи байни ду муштарии ошиқ акнун ройгон буд. Акнун Парвизҷони мо шаби дароз хоб накарда, бо Роҳила буд, яъне ҳарду ҳамеша дар тамос буданд. Телефони Парвизро даст расонам, доим тасфида буд. Баъзан фикр мекардам, ки ин дилдодаҳо байни худ соатҳои дароз чӣ мегуфта бошанд. Магар гапзанӣ ба дилашон намезанад? Вале ҳайҳот, аз суҳбати якдигар сер набуданд. Ишқи Роҳила Парвизро шоир карда буд. Як шеърҳое менавишт, ки хонда ҳайрон мешудам. Дар ҳақиқат ба Роҳила дил додани дӯстамро бовар карда будам. Ба эҳсосоти Роҳила бошад, ҳеҷ боварӣ надоштам. Дилам чизеро гувоҳӣ медод. Танҳо як чизро аз хотирам мегузаронидам, ки Роҳила бо Парвиз танҳо ба хотири баҳо гап мезанад.
Рӯзҳо паи ҳам хеле зуд мегузаштанд. Боварӣ доштам, ки рӯзе Роҳила дили дӯстамро хоҳад шикаст. Намедонам аз чӣ сабаб, ба Роҳила бовар надоштам. Хостам худам аз пайи Роҳила тафтишот барам. Зеро медонистам, ки агар ин дафъа дили дӯстамро касе шиканад, аз зиндагӣ дилхунук хоҳад шуд. Ӯро бас буд, бедорхобии шабҳою ташнагии дидори Роҳила. Рӯзе ба наздам як шогирд омад. Ӯ бачаи чолок буду дар курси дувум мехонд. Аз ман хоҳиш кард, ки барояш баҳо гузорам. Ин ҷо ба сари ман як фикр омад. Чӣ мешуд, ки ӯ аз паи Роҳила шавад. Яъне, ба куҷо меравад, бо кӣ суҳбат мекунад, ҳамаашро донистан мехостам. Инак, ӯро аз паи Роҳила мондам. Акнун вазифаи ҷавон аз паси Роҳила шудан буд. Чанд муддат рафта меомад, мегуфт ки духтари хуб, бо ҳеҷ кас гап намезанад, ба ҷуз аз дугонаҳояш танҳо бо як ҷавон аз курси 4 бисёр суҳбат мекунанд. Намедонам ин ҷавон ба ӯ хеш бошад ва ё дӯст. Ҳамин тавр, пас аз чанде Роҳила ва дугонаи ӯ Назокат пай мебаранд, ки аз паси онҳо касе меравад. Ҷавонро дида, бо ӯ бисёр ҷанг мекунанд. Ҳамин тавр, ҷавон дигар аз паи онҳо рафта натавонист. Намехост, ки бори дигар ба дасти гулдухтарон афтад.
Аз байн ду-се моҳ гузашт. Сессияи дуюм наздик омада истода буд. Рӯзе дар кафедра нишаста будам, ки наздам ҳамон дугонаи Роҳила Назокат омада гуфт:
- Муаллимҷон, бахшиш, рӯзҳои наздик дар дасти шумо аксгиракро дида будам. Мумкин аст, онро аз шумо дурӯза гирам?
- Бале, мумкин шогирди азиз, лекин ҳозир он дар дасти ман нест. Агар ба шумо лозим бошад, ман ҳозир ба хона рафта истодаам. Мунтазир шавед, ҳамроҳ меравему онро ба шумо медиҳам,- Назокат хушҳол шуда,- мунтазир мешавам,- гӯён ҷавоб дод. Пас аз чанд муддат мо ҳамроҳи Назокат ба хонаи ман раҳсипор гардидем. Азбаски роҳ дур буд, ба маршрутка савор шудем. Дар дасти Назокат дафтаре буд. Аз ӯ пурсидам, ки “мумкин аст, дафтари шуморо гирам?” “Бале, марҳамат” гӯён, онро ҷонибам дароз кард. Дафтарро варақ задаму дар қабати он якчанд суратро дида, ҳуш аз сарам парид. Суратҳоро оҳиста номаълумак гирифта, ба кисаам мондаму дафтарро ба Назокат дароз кардам. Ӯ низ ҳеҷ чизро пай набурд.
“Кошонаи Шаҳло”