arzon replenishment
Норозигии вазири маориф ва илм аз кори боғчаҳои бачагона
909

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз чанд боғчаи бачагона дидан намуда, аз кори ин муассисаҳои томактабӣ изҳори норозигӣ намудааст. Дар ин бора маркази матбуоти вазорат хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти манбаъ, рӯзи 24-уми феврал вазири маориф ва илм бе огоҳии пешакӣ ба чанд боғчаи бачагонаи ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии пойтахт ташриф оварда, дар ин муассисаҳо камбудиҳои ҷиддиро ошкор намудааст.

Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода таъкид намудааст, ки новобаста ба ҳама ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба соҳаи маориф дар баъзе боғчаҳои бачагона камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд ва роҳбарияти ин муассисаҳо ба кори худ бемасъулиятона муносибат намуда, на ҳамеша ба раванди таълиму тарбияи атфол ва сабзу хуррам гардонидани муҳити боғча диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Аз ҷумла, рӯзи ташрифи вазир дар боғчаи бачагонаи №114-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки 376 нафар кӯдакон таълим мегиранд, роҳбари муассиса бе сабабҳои узрнок дар ҷойи кораш ҳузур надоштааст, бар замми ин, дар чанд синфхона муррабиён ба назар намерасидаанд. Номи муассиса хато навишта шуда, ба масъалаи сабзу хуррам гардонидани муҳити боғча тамоман диққат дода нашудааст. Дар боғчаи №128 низ вазъи кабудизоркунӣ ба талабот ҷавобгӯй нест. Айнан ҳамин ҳолат дар боғчаи бачагонаи №89 «Буратино»-и ноҳияи Сино ба назар расидааст, ки 260 кӯдак он ҷо таълиму тарбия мегиранд. Мураббиён аз набудани директор дар ҷойи кор истифода бурда, ба ҷойи таълиму тарбия додани бачаҳо бо корҳои дигар машғул будаанд.

Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода нақши боғчаҳои бачагонаро дар рушди дунёи маънавии кӯдакон ва ояндаи онҳо ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки муассисаҳои таълимии томактабӣ барои ояндаи насли наврас хиштҳои аввалинро мегузоранд ва кормандони ин муассисаҳо бояд масъулият эҳсос намуда, кӯдаконро дар руҳияи ифтихори миллӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ тарбият намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД