Парвиз Муллоҷонов, яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар саҳифаи худ навиштааст, ки аз сабаби хуруҷи эпидемияи коронавирус дар Русия 5 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бекор монда, аз бепулӣ зиндагии сахт доранд. Онҳо шаш нафар дар як ҳуҷра зиндагӣ мекунанд.
Ҳамаашон аз минтақаҳои гуногун кишвар буда, дар як хонаи дуҳуҷрагӣ якҷоя зиндагӣ мекунанд. Панҷ нафари онҳо бекор дар хона буда, танҳо як нафарашон дар мағозаи хӯрокворӣ кор мекунад” - мегӯяд Парвиз.
Ба гуфтаи ин фаъоли шабкаҳои иҷтимоӣ маҳсулоти хӯрокаи барои муҳоҷирон овардашуда танҳо барои як ҳафта басандагӣ мекунад. “Онҳо кор намекунанд, чунки дар шаҳр танҳо мағозаҳои хӯрокворӣ ва дорухонаҳо ҳастанд, аммо ҳама ҷойҳо аллакай пур шудагианд. Дар чанд мағозаи наздик ҷойҳои холии кор мавҷуданд, аммо танҳо шаҳрвандони Русия дар онҷо кор карда метавонанду халос”.
Ин моҳ онҳо ба хона пул фиристода натавонистанд, чунки пули доштаашон ҳатто барои харидории хӯроки худашон басанда нест. Яке аз муҳоҷирзанон гуфтааст, ки духтараш дар Тоҷикистон аст ва то имрӯз зиндагиашро бо пули аз муҳоҷират фиристодаи модараш таъмин мекард. Бо сабаби эълони карантин ҳоло духтараш пуле надорад, ки маблағи қувваи барқро супорад”, - гуфтааст зан.