arzon replenishment
НОМУСФУРӮШ
14269


Як рӯзи сарди зимистон, модарам маро ба хонаи холаам, ки дар шаҳри Душанбе воқеъ аст, намуд. Он вақтҳо ҳамагӣ 14- сола будам. Дар истгоҳи мошинҳо модарам маро ба мошини марди тақрибан 45-46-сола савор намуд. Баъди рафтани модарам, аз чӣ буд, ки он мард дигар мусофиронро интизор нашуда, ба роҳ даромад.

Вақте аз ӯ сабаби интизор нашуданашро пурсидам:
-Одам нест. Беҳуда «ждат» кардан чӣ даркор? - гӯён сӯям чашмакӣ зад. Ба ӯ, ки синну солаш ба падарам баробар буд, бовар кардам. Давоми роҳ ӯ аз ман чандсолаву чикора будани падарамро пурсид. Вай суолҳои зиёде медоду мани содда, бехабар аз макри марди фосиқ, ҷавоб медодам.

Вақте гуфтам, ки мехоҳам мисли дигар ҳамсинфонам чаллаву занҷири тилло дошта бошаму вале падарам имкони харидани онҳоро надоранд, ғайричашмдоштам: «Мехоҳӣ ман ба ту чаллаву занҷири тилло бихарам?» -гуфт. Лаҳзае аз шунидани ин суханҳо ҳайрон шуда сипас:
-Не, раҳмат! -гуфтам.
-Ман ду духтар дорам, онҳо аз ту хурданд. Вале ҳама намуди зару зеварро доранд. Ту ҳам баробари фарзандонам ҳастӣ, -гуфт мард бо виқор.
Дар ҷавоб ғайри як табассум дигар чизе нагуфтам. Аз дохили мошин чашм ба берун дӯхта, дар дил орзуи чунин падар доштанро мекардам ва ниҳонӣ ба духтарони ҳасад мебурдам.
-Ба Душанбе ба хонаи кй меравӣ? -гуфтани ронанда риштаи хаёламро канд.
-Ба хонаи холаам.
-Бори чандум аст, ки ба шаҳр меравӣ? –боз савол дод ронанда.
-Бори аввал аст.
-Хонаи холаатро аз куҷо меёбӣ?
-Холаам дар истгоҳи мошинҳо маро интизор аст, -гуфтам.
-Биё аввал шаҳрро тамошо мекунем, сонӣ туро ба хонаи холаат мебарам.
-Не хавотир мешаванд,-норозиёна ҷавоб додам.
-Ҳама медонанд, ки дар зимистон аз ноҳия ба Душанбе рафтан мушкил аст. Ба холаат мегӯй, ки бо сабаби таъмири роҳҳо мошинамонро як-ду рӯз дар роҳ доштанд. Ба шаҳр, ки расидем, туро ҳамроҳи духтарҳоям ба тамошои шаҳр мебарорам. Чаллаву занҷир мехарам, - айёрона гуфт, марди ронанда.
Намедонам ҳавасҳои кӯдакона боло гирифт магар, ки ба таклифаш розӣ шудам. Ба шаҳр расидему ӯ маро ба мағозаи ҷавоҳирот бурд. Дар ҳаётам бори аввал инқадар зару зевари зиёдро медидам. Мағоза мисоли хазинае буд, одамро аз ақлу ҳушаш ҷудо месохт.
-Хуб духтарам, кадомашро ба ту бихарам? –саволомез сӯям нигарист мард.
-Намедонам -гуфтам, дар ҳоле, ки чашмонам аз дидани ҷавоҳироти зиёд барқ мезад. У ба ман ба маблағи 600 доллар чаллаву занҷир ва ҳалқаи тилло харид. Хаёл кардам, ки акнун маро ҳамроҳи духтарҳояш ба тамошои шаҳр мебарад.
Вақте «чаро духтарҳоятон намеоянд?»-гуфта пурсидам, «Онҳо ба деҳа ба хонаи бибияшон рафтагӣ. Ҳоло шаб шуда истодааст, ба хона рафта хоб мекунем. Саҳар туро ба сайри шаҳр мебарорам», -гуфт.
Зару зевар чашмонамро кӯр карда буд магар, ки модару холаамро ба гӯшаи хаёлам намеовардам. Бепарвоёна бо он мард ба мошинаш нишастам. Вай маро ба хонаи худ не, балки ба меҳмонхона бурд.
Ба ходими меҳмонхона маро «духтараш» муаррифӣ намуда, гуфт ки ба роҳи дур равонаему мехоҳем шабро дар ин ҷо гузаронем. Ва субҳ роҳамонро давом хоҳем дод. Ба мо калиди якҳуҷрагиро доданд. Вақте вориди ҳуҷраи хоб шудам, дар он ҷо як рахти хоб воқеъ буд. Ҳайрон шуда гуфтам:
-Ман дар куҷо хоб мекунам? Он мард қоҳ-қоҳзанон хандида «Ту дар «диван» хоб мекунӣ, ман дар замин, мешавад-мӣ?» -гуфта, боз сӯям чашмакӣ зад. Хӯрок фармоиш дод. Баъди тановули хӯрок хостам хоб кунам. Рӯйи ҷойгаҳ бепарво хамёза кашидам. Ногаҳон ӯ низ худро дар паҳлӯям партофт. Тарсида аз ҷоям бархостам. Ва хостам аз ҳуҷра берун шавам, аммо ӯ «Чӣ шуд ба ту Дилнозаҷон, хоб кун охир», -гуфта аз миёнам дошту рӯйи рахти хоб пахш намуда, аз лабу рӯям ҳарисона бӯсидан гирифт.
-Шумо чӣ кор мекунед? Ман ҳамсоли духтаронатон ҳастам, -гуфта ҳаракат мекардам худро аз чанголаш раҳо намоям. Аммо ӯ маро раҳо намекард.
-Ман туро ҳозир мехӯрам,-гӯён зӯрану мулоимхунукона куртаамро аз танам кашид. Ҳарчанд зориву тавалло менамудам, лек ӯ маро раҳо намекард. Қувати ӯро аз худ дур намуданро надоштам. Зеро ӯ марди азимҷуссае буду ман духтараки хурди 14- сола. Ашк аз чашмонам мисоли қатраҳои борон ҷорӣ мешуд. Аммо марди фосиқи шайтонсират, ашки чашмони маро намедид.

Ногаҳон ӯ дасташро ба поёни шимам бурда, бо як ҳаракат эзорамро бадар намуд. Хориам омада, «Не, не, илтимос!» -мегуфтам. Дигар ба чи кор зӯрам мерасид?
-Ғам махӯр, вақти шавҳар карданат расид, туро ба ҳолати аввалаат бармегардонам. Ба ин пулам мерасад,-гӯён ҳаракатҳои нафратоварро анҷом медод марди ҳаромкор. Тамоми қувватамро ҷамъ намуда, фарёдзанон аз китфаш газидам. «Лаънатӣ»-гӯён ба рӯям шаппотие фаровард. Аз шид- дати дард аз ҳуш рафтаам. Вақте ба худ омадам, дар истгоҳе дар хун оғӯшта хоб будаму куртаи танам пора-пора буд. Аз хунукӣ тамоми аъзои баданам меларзиду месӯхт.
Дар ҷои бегона, нисфишабӣ ба куҷо рафтанамро намедонистам. Дар як кунҷи истгоҳ бо азобҳои зиёд шабро саҳар намудам. Рӯз шуду одамон аз пайи зиндагии худ равона шуданд. Ба ҳоли зори ман бархе бо раҳму шафқат мени- гаристанду бархеи дигар бо ҳайрату нафрат. Аз ҷоям хеста аз духтаре, ки интизори нақлиёт буд, телефон пурсидам. Ў рӯй турш намуда сардакак: «Надорам!» -гуфту сар то ба поямро назар давонда, сипас аз наздам дур шуд.
Ноумед гашта, дигар аз касе чизе намурсидам. Калавида- калавида роҳеро, ки ба куҷо бурданашро намедонистам, пеш гирифтам. Баъди хело роҳ рафтан дар канори роҳ мағозаеро дидам. Ба он ҷо даромадам.
Фурӯшанда ҷавони зебое буд, маро дида бо ҷаҳл:
-Ба ту чӣ даркор, рав аз ин ҷо! -гӯён дод зад. Дар даври чашмонам ашк ҳалқа заду ҳунгосзанон гиристам. Фурӯшанда дасту по хӯрда, тозон наздам омаду аз китфонам дошта:
-Туро кӣ ба ин ҳол овард, хохарчон? -гуфта пурсид. Тамоми ҳодисаи шударо нақл кардам. Ҷавони фурӯшанда маро тасалло дода:
-Зиқ нашав, ҳамааш хуб мешавад, -гуфт дилсӯзона.
Ба ӯ чаллаву занҷир ва ҳалқаамро додаму хоҳиш намудам, ки бароям либос харида биёрад. Дар аввал вай розӣ нашуду баъдан мағозаро маҳкам карда тиллоҳоро гирифту рафт. Ўро хело вақт интизор шудам, вале аз ӯ дараке набуд. Хаёл кардам, ки низ маро фиреб додааст.
Умедамро канда, хостам аз он ҷо равам. Ҳамин дам вай пайдо шуда:
-Ба куҷо меравӣ хоҳар? Инҳоро гиру ба мағоза даромада, зуд либосҳоятро иваз кун, -гӯён як халта либосро дароз намуд. Вай як миқор пул ҳам дод. Вақте ба ўгуфтам, ки роҳро намедонам, маро ба автобусе савор намуда аз пулчинакаш хоҳиш намуд, ки дар истгоҳи мошинҳо фарорад. Ба истгоҳи мошинҳо омада, аз миёни издиҳоми зиёди одамон холаамро мекофтам.
Хело ҷустуҷӯ кардам, аммо бефоида. Оқибат ба милисае муроҷиат намудам. Ў холаамро пайдо намуд. Вақте холаам пурсид, ки чаро дирӯз наомадам? Гуфтам, ки дар роҳ мошини ронанда вайрон шуд. Инак, аз он ҳодисаи нанговар 3 сол сипарӣ мешавад.
Ғайр аз акои Мӯъмин-ҷавони фурӯшанда, дигар касе аз он ҳодиса хабар надорад. Миёни ин 3 сол борҳо ба Душанбе рафтам. Ҳар гоҳи рафтанам аз акои Мӯъмин хабар мегирам. Ўро мисоли бародарам дӯст медораму эҳтиромаш мекунам. Хостгорҳоям зиёданд, вале аз шарманда шудан метарсам. То ҳол ба ягон хостгор розигӣ надодаам. Ин ҳол то кай давом мекунад, намедонам. Шояд як умр танҳо бимонам. Зеро, ки «худкардаро даво нест». Бар ивази моли ночиз ва хомхаёлӣ ҳаётамро барбод додам. Беҳтарин сарват -номусамро аз даст додаам.
Ман натавонистам ин амонатро то лаҳзаи зарурӣ ҳифз намоям, Ба решаи бахти хеш теша задаму қасри хушбахтии худро бо дастони худ зеру забар намудам…
Дилноза

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД