Oila Navruz
Номномаи Исломӣ | Номҳои писарона ва духтарона бо ҳарфи "Ю"
6343

– Ю – 

ЮНУС // ЮНИС и. یونس 1. ин ном аз забони ибронӣ иқтибос шуда, маънояш «кабӯтар» будааст («Маънои ҳазору як ном»);

2. Юнус (а) писари Мӯсо, аз ҷумлаи паёмбарони банӣ Исроил буд.

       Кофирон дар авҷи ғафлат дар ҷаҳолат бо ҳузур,

       Юнуси ҳамдусаногӯро ба об андохтанд. (Ҷунунӣ)

ЮСУФ یوسف ибни Яъқуб, аз анбиёи маъруфи бани Исроил ва яке аз дувоздаҳ фарзанди Яъқуби паёмбар буд ва ҳусни ӯ шуҳрати ҷаҳонгир дошт. Ба азизии Миср расид. Достони ӯ чунин аст, ки шабе дар хоб дид, ки хуршеду моҳ ва ёздаҳ ситора пеши пояш сар ниҳодаанд. Рӯъёи хеш бо падар гуфт. Падар посух дод, ки ту ба фармонравоӣ хоҳӣ расид, лекин ин хоб аз бародарон пӯшида дор, то мабодо бар ту рашк варзанд. Юсуф суфориши падар фаромӯш кард ва ба яке аз бародарон хоби худ бозгуфт. Ҳама огоҳ шуданд. Оташи ҳасаду кина дар дилашон шӯълавар гашт ва камар ба нобудии ӯ бастанд. Пеши падар рафтанд ва иҷоза хостанд, ки ӯро ба гардиш баранд. Падар ибтидо мухолифат варзид, вале саранҷом ӯро розӣ карданд ва Юсуфро бо худ ба беруни Канъон бурданд. Пироҳан аз танаш бароварданд ва ба чоҳе афканданд ва пеши падар рафтанду гуфтанд: Юсуф ба супориши шумо амал накард ва аз мо дур шуд, гург хӯрдаш ва пироҳан бад-ӯ нишон доданд. Корвоне аз сари чоҳ мегузашт. Далв дар чоҳ андохтанд, то об кашанд, Юсуф бар давл нишаст ва боло баромад. Корвониён ӯро ба баҳои ночиз фурӯхтанд. Харидор ӯро ба Миср овард. Шуҳрати ҳусни ӯ ҳама ҷо печид ва занони бисёр, аз ҷумла Зулайхо – зани Азизи Миср харидору ошиқи ӯ гаштанд. Азиз ба исрору илтимоси Зулайхо ба ин баҳона, ки фарзанде надорад, Юсуфро харид ва ба фарзандию бандагӣ қабул кард. Зулайхо дар оташи ишқи ӯ месӯхт, вале Юсуф таваҷҷуҳе бад-ӯ надошт, то саранҷом ишқи худ ошкор кард ва таманнои васл намуд. Юсуф сар боз зад ва дар натиҷа мавриди бемеҳрии Зулайхо қарор гирифт ва Зулайхо назди шавҳар ӯро муттаҳам ба қасди хиёнат кард. Азиз Юсуфро ба зиндон афканд, то он ки шабе хоб дид, ки ҳама аз таъбири он оҷиз монданд. Яке аз мулозимони ӯ, ки чанде дар зиндон бо Юсуф буд, сидқи Юсуфро дар хобгузорӣ ба ёди вай овард. Ӯро аз зиндон фаро хонданд. Азиз хоби хеш бад-ӯ гуфт. Юсуф таъбири хоб ба дурустию равшанӣ баён кард ва аз пайдоиши ҳафт соли қаҳтӣ бо ӯ сухан гуфт ва чораи кор бозкушуд. Дар ин миён Зулайхо низ ба бегуноҳии Юсуф эътироф кард.

Азиз Юсуфро сахт бинавохт ва мулки Миср бад-ӯ супурд ва худ пас аз андаке даргузашт. Юсуф бар тахти салтанати Миср нишаст ва бар асари аҷзу илтимоси Зулайхо ӯро ба ҳамсарӣ баргузид ва бар мулку мамлакати Миср даст ёфт. Юсуф ба захира кардани гандум ва озуқа барои қаҳтсолӣ фармон дод. Дар солҳои қаҳтӣ аз ҳама ҷой барои хариди гандум пеши ӯ меомаданд. Бародаронаш низ бад-ин манзур пеши вай омаданд. Юсуф дастур дод, паймона дар бори бародараш Бинёмин пинҳон карданд ва баъд, ки борҳоро бозҷустанд, паймона бозёфтанд ва Юсуф бад-ин баҳона бародарро нигоҳ дошт ва аз бозгаштани ӯ ба Канъон мамониат намуд. Бародарон сахт парешону хашмгин гаштанд ва пеши падар бозомаданд ва моҷаро бозгуфтанд. Яъқуб гиряҳо кард. Саранҷом Юсуф худро ба Бинёмин ва бародарони дигар шиносонд ва бо иззату эҳтиром барои дидори падар ба Канъон рафт. Яъқуб, ки аз шиддати гиря дар фироқи Юсуф биноии хешро аз даст дода буд, бо шунидани бӯи пираҳану совидани пираҳан бар дида, биноӣ зуд бозёфт ва падару писар пас аз солҳои фироқ ба якдигар расиданд («Деҳхудо»).

Шарҳи зиндагӣ ва аҳволи Ҳазрати Юсуф (а), аз миёни паёмбарону анбиёи Худованд дар Қуръони Карим бо тафсили бештаре омадааст ва як сураи тамом бо номи Юсуф иборат аз 111 оят ба қисмате аз зиндагонии ӯ ихтисос ёфтааст. Ва илова бар ин дар китоби муқаддаси Таврот низ дар ҳаҷми 14 боб ва бо шарҳи ҷузъиёти бештаре, достони он ҳазрат омадааст.

       Юсуф ба сабри хеш паямбар шуд,

       Расво шитоб кард Зулайхоро. (Носири Хусрав)

 

       Расанро баст бо далвею афканд

       Дар он чоҳе, ки Юсуф буд дар банд. (Ҳозиқ)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД