– Я –
ЯЗДГИРД یزدگرد 1. номи подшоҳи Эрон, падари Баҳроми Гӯр («Ф.Шоҳнома»); Яздгирди аввал-подшоҳи сосонӣ, ки солҳои 399-420 ҳукмронӣ кардааст («Ф.Ҷомӣ»);
2. номи подшоҳи Эрон, писари Баҳроми Гӯр («Ф.Шоҳнома»).
ЯҲЁ а. یحیی1. зинда шудан («Ф.Ҷомӣ»);
2. зиндагибахш («ФНЭ»);
3. номи пайғамбарест (а) («Fиёс»); фарзанди Закариё (а) («ФНЭ»);
4. номи марде, ки бағоят сахӣ будааст («Fиёс»).
ЯҲУДО یهودا яке аз писарони Яъқуби набӣ
ЯЪҚУБ и. یعقوب 1. ин лафзи ибронист, на арабӣ («Онандроҷ», «Fиёс»); кабк («Ф.Ҷомӣ», «ФЗТ»); кабки нар («Муъин», «ФНЭ»);
2. номи набӣ (а) ки падари Юсуф (а) буданд («Fиёс»); номи яке аз пайғамбарони банӣ Исроил (яҳудиён) («Ф.Ҷомӣ»);
Пеши Юсуф нозиши хубӣ макун,
Ҷуз ниёзи оҳи яъқубӣ макун. (Ҷалолуддини Румӣ)
Чу Яъқубам ар дида гардад сафед,
Набуррам зи дидори Юсуф умед. (Саъдии Шерозӣ)