– Т –
ТАБАРРУК - تبرّك муборак, бобаракат; ҳадя, тӯҳфа
ТАВАККАЛ - توكّل умед бастан, эътимод кардан
ТАВФИҚ - توفیق мувафаққият, бахт, комёбӣ
ТАВОН توان тоб ва муқовамат, тоқат ва қувват бошад.
ТАВОНА توانه 1. тавонманд, пуртавон, соҳиби қудрат ва тавоноӣ;
2. номи падари Барта аз паҳлавонони эронӣ («ФНЭ»).
ТАВОНО توانا маънии он дар фарҳангҳо: қобил, боқудрат, муқтадир; давлатманд («ФЗТ»); нерӯманд, зӯрманд, тавоно ҳам гуфтаанд («Амид», «Муъин»); нерӯманд, қавӣ («Фарҳехта», «Дурҷ»); бақувват; бузург («Ф.Ҷомӣ»); касе, ки аз уҳдаи анҷоми кор барояд («Бурҳон»); муқобили нотавон аст («Онандроҷ»); мазбуту устувору сазовор («Нозим», «Деҳхудо»); пурнабард («Зебоном»).
ТАЙЙИБ а. طییب 1. ҷ. таййибот («Муъин»); покиза, пок, покӣ («Вожаҳои сара», «Амид», «Мунтаҳо», «Fиёс»); тоҳир («Деҳхудо»);
2. ҳалол, хилофи хабис («Амид», «Муъин», «Деҳхудо»);
3. покиза шудан («Муъин», «Фарҳехта», «Дурҷ»);
4. хушбӯ шудан («Муъин», «Фарҳехта», «Дурҷ»);
5. ҳалол шудан («Муъин», «Фарҳехта», «Дурҷ»);
6. некӯ («Амид»); басомон, хуб («Вожаҳои сара»); хуш («Деҳ-худо»);
7. хушбӯй («Муъин», «Вожаҳои сара»); бӯё, роиҳаи хуш;
8. раво («Муъин», «Вожаҳои сара»).
ТАШАН تشن офаринанда, созанда («Зебоном»)
ТАЛАБ - طلب пурсидану хостани чизе, дархост, ҷустуҷӯ
ТАҲАМТАН - تھمتن пурзӯр, тануманд, лақаби Рустам
ТАҲМУРАС - طھمورث шоҳи шуҷоъ, шоҳи эронӣ
ТЕМУР تیمور 1. ин лафзи туркист; ба маънии фӯлод («Fиёс», «Онандроҷ»); маъхуз аз туркӣ; оҳан («Нозим», «Деҳхудо»);
2. сарсилсилаи Курагониён («ФНЭ»); Амир Темури Курагонӣ, муассиси силсилаи Курагониён ё Темуриён дар қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ, дар замони салтанаташ куштори бисёр ва аз сарҳои куштагон калламанораҳо барпо кард.
ТИРДОД تیرداد зодаи тирамоҳ («Зебоном»); он ки дар фасли тирамоҳ мутаваллид гардида бошад.
ТОВАН تاون бовардошт, устувор, пойдор («Зебоном»).
ТОЛИБ а. طالب 1. талабкунанда; ҷӯянда, хостгор; орзуманд («ФЗТ»); хоҳанда, хоҳон, ҷӯё, роғиб, муҳассил, тилмиз («Амид», «Муъин»); хостор, пӯянда («Вожаҳои сара»); ҷӯён, хоҳишманд, талабкор («Мунтаҳо», «Деҳхудо»);
2. донишҷӯи улуми динӣ («Муъин»);
3. адабомӯз («Вожаҳои сара»).
ТОҲИР а. طاهر пок, афиф ва покиза.
ТОРИҚ - طارق ситораи субҳ, номи саҳобӣ
ТУР تور 1. далер, шуҷоъ, бебок;