– Л –
ЛАЙЛӢ//ЛАЙЛО а. لیلی/لیلا шаб, шаби дарози торик («Вожаҳои сара»);
2. Лайлӣ маъшуқаи Маҷнун («ФНЭ»); номи яке аз ушшоқи таърих («Муъин»); маъшуқаи Қайс, ки ба Маҷнун машҳур аст («Fиёс»);
3. аз навоҳо ва оҳангҳои мусиқии қадим («Муъин»).
ЛАТИФА لطیفه 1. ҳар чизи некӯ («Муъин», «Деҳхудо»); накӯӣ ва чизи нек ва нозук («Мунтахаб», «Fиёс»);
2. ҳикояти нағзу маънидор («Муъин»); гуфтори нағз, матлаби некӯ ва зариф («ФНЭ»); нуктаороӣ («Вожаҳои сара»);
3. базла, шӯхӣ («Муъин», «ФНЭ», «Фарҳехта»).
ЛАБХАНД لبخند табассум, шакарханда («Фарҳехта»); хандае, ки рӯи лабҳо нишинад («ФНЭ»); лабханда («Деҳхудо»).
ЛАБХАНДА لبخنده лабханд, табассум.
ЛАТОФАТ لطافت 1. нозукӣ, борикӣ, зарифӣ, хуштабъӣ («ФЗТ»); нозук будан («Вожаҳои сара»); нармӣ («Фарҳехта»);
2. покӣ, покизагӣ, беғуборӣ («ФЗТ»);
3. зебоӣ, раъноӣ, назокат, нозукандомӣ, мавзунқоматӣ («ФЗТ», «Муъин»);
4. мулоимат, хушмуомилагӣ, муносибати нағзу нарм («ФЗТ»); некӯ будан, некӯӣ («Вожаҳои сара»); нағзӣ («Фарҳехта»);
5. дилҷӯӣ кардан («Вожаҳои сара»);
6. равшан будан («Вожаҳои сара»);
7. хурдӣ, резагӣ («Фарҳехта»).
ЛИҚО а. لقا 1. чеҳра, рӯй, симо («ФЗТ», «Дурҷ», «ФНЭ»);
2. дидан ҳамдигарро, мулоқот («ФЗТ»); дидан («ФНЭ»); ба маънии дид («Fиёс»); дидор кардан («Дурҷ»);
3. зуҳури маъшуқ аст, чунонки ошиқро яқин шавад, ки ӯст ба сурати одам зуҳур карда («Дурҷ»).