– Х –
ХАДИҶА а. خدیجه 1. кӯдак («ФНЭ»); кӯдаки пеш аз муҳлат таваллудшуда;
2. муаннаси хадиҷ; .
ХАЙРӢ а. خیری 1. гиёҳест дорандаи лавни сурх ва сафед;
2. гули зард бошад хушбӯй («Сиҳоҳ»);
3. ранги сурх («Бурҳон», Ҷаҳонгирӣ, «Деҳхудо»).
ХАЙРУННИСО а. خیر النسا 1. афзалтарини занон, беҳтарин занон;
2. лақаби ҳазрати Фотимаи Заҳро (р).
ХАНСА а. خنسه номи шоираи номии араб, ки дар аҳди пайғамбари гиромӣ (с) ва баъди марги эшон зиндагонӣ кардааст; чор фарзанди ӯ дар ҷанги Қодисия ба шаҳодат расидаанд.
ХИРОМОН خرامان хушандом, нозанин, хушхиром, хироманда.
ХОЛИДА а. خالده шакли занонаи холид.
ХОЛИСА - خالصھ соф, пок, сара; хосу баргузида
ХОТИРА а. خاطره ёдгор, воқеоти мозӣ аз ҳаёти инсон, ки дар зеҳни ӯ боқӣ мондааст.
ХОТИМА - خاطمھ анҷом; фарзанди охирини оила
ХУБРУХ خوبرخ зебо, ҷамил некрухсор, хушрухсор, зеборӯй, хушрӯ; ном аст барои мардон ва барои занон.
ХУБРУХСОР خوب رخسارҷамил, соҳибҷамол, зеборӯ, хушрӯ, нозанин, хушсимо.
ХУБРӮ // ХУБРӮЙ خوبرو //خوبروی зеборӯй, хушрӯй, соҳибҷамол ва қашангу нозанин.
ХУРШЕДБОНУ خورشیده بانو 1. бонуи мисли хуршед, зани монанди шамс;
2. бонуи дурахшон.
ХУШГӮ خوشگوхушзабон, хушсухан, хушгуфтор.
ХУШМАНЗАР خوش منظرзеборӯй, соҳиби рухсораи ҷамил.
ХУШНАВО خوشنوا хушовоз, соҳиби савти накӯ
ХУШНАВОЗ خوشنواز мутриб, донандаи мусиқӣ.