– Э –
ЭРАҶ ایرج аз номҳои қадимаи ориёӣ; 1. ёридиҳандаву ёвари ориёиҳо;
2. номи писари Фаридун («Fиёс», «ФНЭ»); номи кӯчактарин писари Фаридун.
ЭРОНМЕҲРایران مهر меҳри Эрон, меҳрубони Эрон.
ЭРОНШЕД ایرانشید фарру равшании эронӣ, ситораи Эрон.
ЭҲСОН а. احسان 1. некӯӣ, лутфу марҳамат («Ф.Ҷомӣ», «ФЗТ»); некӣ кардан («Муъин»); неку доштан, некӯкорӣ, хубӣ («Вожаҳои сара»); хубӣ, некӣ («Фарҳехта», «Дурҷ»); некӯӣ кардан дар бораи касе («Амид»);
2. сахо, ҷуд, карам, ато, бахшиш («Ф.Ҷомӣ»); бахшиш кардан («Муъин», «Вожаҳои сара», «Амид»); инъом («Фарҳехта», «Дурҷ»); карам («ФЗТ»);
3. нозу неъмат («Ф.Ҷомӣ», «ФЗТ»).
ЭШОН ایشان 1. беҳтарини онҳо, олитарини онҳо;
2. мулло, шайх, лақаби шахсони баландмартаба;
3. дар мавриди эҳтиром низ истифода мекунанд.
ЭМИН - ایمین дар амну амонбуда, хотирҷамъ, осуда
ЭМОМ - ایمام пешрав, пешво, пешнамоз