Arzon march 2024
Номномаи Исломӣ | Номҳои писарона ва духтарона бо ҳарфи "Ч"
3244

– Ч –

ЧАМАН چمن 1. боғ, боғи гул, гулзор;

2. роҳест миёни бӯстон ва боғ, роҳе бошад дар боғ миёни дарахтон ва аз ҳар ду паҳлӯи роҳ дарахт нишонда ва он ҷо нишастгоҳ бигзошта ва он ҷо раёҳин гузоштаанд.

       Деҳқон ба тааҷҷуб сари ангушт газон аст,

       К-андар чаману боғ на гул монду на гулзор.

(Манучеҳрии Домғонӣ)

       Ҳаст қадди ёри ман сарви хиромон дар чаман,

       Бар сари сарви равон моҳи хиромонро ватан.

(Сӯзании Самарқандӣ)

ЧАМАНОРО چمن آرا боғбон, ороишгари чаман, зеби чаман; киноя аз гулу гиёҳу дарахтони боғ.

ЧАМАНАФРӮЗ چمن افروز равшанибахшандаи чаман, номи гулест хушбӯ ва хушранг, бӯстонафрӯз, садбарг.

ЧАМОН چمان бо ноз роҳраванда, хиромон.

ЧЕҲРОЗАР چهرآزر дорои чеҳраи равшан, зебочеҳра.

ЧЕҲРОРО چهر آرا аз асмои занон; 1. дорои чеҳраи андешаманд;

2. аз нажоди андешамандон;

3. дорои чеҳраи ороста;

4. нигоранда ё ороишкунандаи чеҳра;

5. аз нажоди доварон.

ЧЕҲРОРОМ چهرآرام ном барои бонувон; 1. оромтабиат; оромбахш;

2. дорои нажоди дуруст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Чонона 2023-06-14, 09:13
Чи мано дорад
Посух
Чахонгир 2023-09-25, 18:54
Ном бо Харви ч писарона
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Чонона 2023-06-14, 09:13
Чи мано дорад
Посух
Чахонгир 2023-09-25, 18:54
Ном бо Харви ч писарона
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД