arzon replenishment
Номи шавҳарро гирифтан гуноҳ аст?
906


Пештар калонсолон духтарҳо ва ҷавонзанҳоро ҳамеша насиҳат карда мегуфтанд, ки номи шавҳарро гирифтан гуноҳи бузург аст.

Ин гуфтаҳои кампиракон ягон асос доранд ё не? Номи шавҳарро гирифтан аз нигоҳи дини мубини ислом гуноҳ аст?
Муборакшо, н. Дарвоз.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Номи шавҳарро гирифтани зан аз нигоҳи шариат манъ нест, вале ин боиси озурда шудани хотири шавҳар гардад, беҳтар аст, ки ӯро ба номаш садо накунад. Аслан, ин вобаста ба урфу одати ҳар минтақа аст, яке шавҳарашро бо исми фарзандаш, яъне падари фалонӣ гуфта садо мекунад, дигарӣ навозишкорона мардакҷон мегӯяд, муҳимаш мавҷуд будани ҳурмату эҳтиром байни ҳамсарон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД