Дар мавриди паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) ду суол доштам. Якум, номи зебои Муҳаммадро кӣ ба Паёмбар (с) додааст? Дуюм, дар ривоятҳо мехонем, ки Паёмбар (с) Омина ном доя доштанд. Сабаби дар тарбияи доя қарор гирифтани Расули Худо (с) чӣ буд?
ПАРВИНА, ш. Панҷакент
Посух:
- Хоҳари азиз, Паравина. Чун суоли Шумо аз ду қисмат иборат аст, дар ду бахш ба он посух мегӯем:
Якум, Паёмбари гиромии Ислом (с) дар дувоздаҳуми моҳи Рабиъул-аввали “Омул-фил”, ки мувофиқ бо 571-уми мелодӣ аст, дар Макка таваллуд шудаанд. Пеш аз таваллуди Паёмбар (с) падараш Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб, ки барои дидори тағоҳояш Банӣ Наҷҷор берун рафта буд, даргузашт. Ҳангоми таваллуди Паёмбар (с) ин муждаро ба Абдулмутталиб доданд. Абдулмутталиб аз шунидани ин хабар бисёр хушҳол шуд, ва ӯро дар оғӯш гирифта, бо ӯ ба шукронаи ин неъмати Худовандӣ ба тавофи Каъба пардохт ва номи ӯро ба илҳоме аз ҷониби Худованд Муҳаммад гузошт, ки маънои “ҳамдшуда”-ро дорад. Бо вуҷуди ки ин ном дар миёни мардуми араб собиқа надошт, аммо Абдулмутталиб дӯст дошт, то ӯ назди Худованд ситуда бошад. Аз ин рӯ, номи ӯро Муҳаммад номид.
Дуюм, Модари Паёмбар (с) аз ҳамон нахустини рӯзи таваллуди ӯ дарёфт, ки шири кофӣ барои хӯронидани танҳо самараи издивоҷи хеш ва Абдуллоҳ надорад. Омина танҳо ҳафт рӯз ба Паёмбар (с) шир дод, баъд, аз ғизо додан ва сер кардани вай нотавон монд. Аввалин зане, ки баъд аз Омина Паёмбар (с)-ро шир дод Сувайба канизи озодшудаи Абӯлаҳаб буд, ки ҳамзамон бо Паёмбар (с) фарзандашро ба номи Масруҳ шир медод. Баъд, аз Сувайба касе, ки сарпарастии Паёмбар (с)-ро бар уҳда гирифт, Ҳалима - духтари Абузуайб буд.
Дар он замон расму одати араб бар ин буд, ки фарзандонашро ба хотири қавӣ ва нерӯманд гардидан, аз ҳавои озоду соф истифода кунанд, ва зеҳнашон барои ёдгирии матолиб омода гардад, ҳамчунин ба хотири забони фасеҳи арабиро ёд гирифтан, ба доя месупориданд. Занони бодиянишин низ, ба хотири дарёфти музд ба шаҳр меомаданд, то сарпарастии кӯдакеро бар ӯҳда гиранду аз ин роҳ махориҷи зиндагиашонро таъмин карда тавонанд.