Мехостам чӣ маъно доштани номи худро бидонам. Илтимос ба ман кумак намоед, зеро андешаҳо дар бораи номи ман гуногун аст.
Манучеҳр
Ба саволи хонандаи мо аз раёсати фатво чунин посух гуфт:
Бародари азиз, номи Манучеҳр дар асл Минучеҳр аст ва аз ду ҷузъи “мину” ва “чеҳр” таркиб ёфтааст. Маънои “мину” биҳишт ва маънои “чеҳр” рў ва симову чеҳраро ифода мекунад. Пас маънои Минучеҳр биҳиштирў мешавад, яъне касе, ки симои биҳиштӣ дорад. Гузоштани ин ном аз нигоҳи шариати Ислом дуруст аст ва ҳеҷ ишколе надорад.