Салом “Оила”. Хонандаи доимият ҳастам. Синни ман аз панҷоҳ гузааштаасту ман ҳам маҳз дар ҳамин синну сол ба худ тасмими нигоштани сарнавиштамро гирифтам. Барои ин кор борҳо иқдом намуда будам. Вале боз андешаҳои гуногун садди роҳам мегаштанду аз он даст мекашидам...
Дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, дар деҳаву мактаб мо шаш нафар фарзанд аз он ки падару модарам муаллиманд, фахр мекардем. Волидайн ва мо дар байни аҳли деҳ соҳиби иззат будему оилаамон дар миқёси ноҳия низ аз зумраи оилаҳои намунавӣ ба шумор мерафт.Падару модарам дар асоси ишқу муҳаббат оила бунёд карда, ҳар ду ҳамкурс ҳам буданд.Бинобарин ба хонаи мо дӯстони айёми донишҷӯияшон зиёд ташриф меовароданд. Дар оила ман фарзанди калон будам ва падару модар аз ду хоҳару се додарам дида ба ман зиёдтар эътимод доштанду гумон мекардам,ки нисбати ман меҳрубонтаранд. Яке аз дӯстони дерини падарам маро барои писари худ гапзанон ҳам карда буд.
Дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехондам ва волидайнам орзу мекарданд, ки баъди хатми мактаб дар донишгоҳи тиббӣ таҳсилро давом дода, хонда табиб мешавам. Ман ҳам барои пиёда сохтани орзуи онҳо тамоми қувваамро ба хондан равона карда, кӯшиш мекардам, ки ҳамеша сазовори таърифу таҳсинашон бошам.
Хонаамон дар канори роҳи мошингузар қарор дошту аз ҳамсояҳо каме дуртар ҷойгир буд. Мо ба ин ҷо ду сол пеш кӯчида омада будем. То ин дам дар ҳавлии бобоямон бо онҳо якҷоя зиндагӣ мекардем. Дар ин ҷо ғайр аз хонаи мо чанд нафари дигар низ бояд хонаҳояшонро месохтанд. Дуртар аз хонаи мо сохтмони хонае дар авҷ буд. Аз даҳони модарам фаҳмидам, ки онро барои оилаи ҷавоне месохтаанд.
Падару модарам як гови ҷӯшоӣ харида буданд, то аҳли оила аз ширу ҷурғот таъмин бошем. Он вақт ман дар синфи нӯҳум мехондаму нигоҳубини говамонро бештар ман назорат мекардам. Агар сари вақт хабардор намешудам, бародаронам обу алаф додани говро фаромӯш мекарданд. Воқеъае, ки дар таътили семоҳа ба сари ман омад, ба ҳамин гов марбут аст. Рӯзе волидайнам ба аёдати хешу табори модарам ба шаҳр рафта буданд. Аз бародари дуюмам талаб кардам, ки говро бурда дар замини алафдоре баста биёяд. Вале чанд бор гап зада бошам ҳам, ӯ гапамро иҷро накард. Говамонро худам аз бандаш кашолакунон барои чаридан ба он канори роҳ бурда бастаму гашта ба хонаамон омада истода будам.
-Ҳамсоя, дӯғ надоред? Агар дошта бошед, камтар гирифта биёр, савоб мешавад,-шунидам овози мардеро аз болои девори нимсохти ҳамсоя.
-Ҳозир гирифта меорам,-ҷавоб додам ману бе ягон андешаи ботил ва дар сатили хурдҳаҷме аз дӯғи дирӯзкашидаам гирифта ба он ҷо бурдам.
Дар хонаи нимсохт ғайр аз он мард, ки хуб мешинохтамаш касе набуд.
Ӯ сатили дӯғро аз дастам гирифта аз аҳволи падару модарам пурсон шуд. Гуфтам хубанду барои аёдати хешу табори модарам ба шаҳр рафтаанд.
-Ако, сатилро баъд худатон бурда диҳед,-гуфтам ба вай ва ба хонаамон рафтани шудам. Аммо ин марди касиф якбора ба ман дар афтода, маро бардошта, ба дарунтар даровард. Дасту почак зада, сару рӯяшро ханҷол мезадам. “Сар диҳед, маро!”-гӯён аррос мезадам. Вале он деви бадҳайбат маро ба замин пахш карду бо як даст даҳонамро пӯшонда, бо дасти дигар пойҷомаамро кашида баровард. Аз тарсу даҳшату шарм дунё якбора дар назарам торик шуд...
Чашм кушода, худро дар ҳамон ҷо дидам. Марди палид аз ман бахшиш мепурсиду талаб мекард, ки ба касе хабар надиҳам.
-Кори ношудани шуд. Аз даҳонат гапи ин корро набарор, ки ҳам ту шарманда мешавию ҳам ман,-гуфт ба ман, ки ҳиқ-ҳиқ гиря карда менишастаму намедонистам чӣ кор кунам...
Он вақт шояд бисёр беақл будаам, ки фақат дар бораи шармандагӣ андешида, аз кори нобахшиданиву амали ҷиноӣ содир кардани мард фикр ҳам намекардам. Баракс, ҳар гоҳе он мардро медидам аз шарм замин кафад дароям, мегуфтам. Мард бошад ҳангоми дидани ман лабханд мезаду ноаён ангушт ба лаб мебурд,ки ин маънои “хомӯш бош”-ро дошт.
Аз ин кор се моҳ гузашт. Дар мавридаш ба касе даҳон накушода будам.
Вале ...
Дарди сар ва беҷошудани дилу парто –парто карданам волидайнамро ба ташвиш оварду онҳо маро ба беморхонаи ноҳиявиамон бурданд.Табибе маро муоина карда, берун баромаду бо худ табиби дигареро гирифта овард. Падарам дар берун, модарам бошад дар назди ман буд.
-Чӣ гап духтур, ба хайр аст?-қиёфаи табибонро дида, пурсид модарам аз духтури аввала.
-Ба хайру, аммо...
-Чӣ аммо?!-ба таҳлука афтод модарам.
-Духтаратон ҳомила аст,-ҷавоб дод духтур.
Аз ин сухан модарам ба шӯр омад. Ба сари табибон дод зад, ки бемориро ташхис карда наметавонанд.
-Духтари ман нав синфи даҳ гузашт. Духтари даруни хона, чӣ хел ҳомила будааст?!-мегуфту аз хашм саропояш меларзид.
-Муаллима, ором шавед. Беҳтараш аз духтаратон пурсед, ки чӣ гап аст,-гуфт табиби дуюму аз наздамон баромада рафт.
-Сурайё, ин чӣ гап, онҳо рост мегӯянд?-пурсид модарам аз ман.
Ман, ки мисли ҳайкал шах шуда бо сари хам карахту ноҷунбон менишастам, сарамро каме боло карда ба модарам нигаристам. Ҳабдаҳсола шуда истода дар ҳаётам модарҷонакамро чунин бечораву ҳақир надида будам. Рангу рӯяш докасон сафед буду лабонаш пир-пир мепариданд.
-Очаҷон, ман айбе надорам,-гуфтаму худро гирён ба оғӯшаш партофтам...
Тафсилоти воқеъаро соате пас ман дар назди муфаттиш гириста-гириста нақл мекардам. Падарам аз хашм ба ҳафт пӯшти марди ҳамсоя дашном мефиристоду модарам зор-зор гиря мекард. Ҳамсоямардро худи ҳамон рӯз кормандони орган ғофилгир карданд. Вай маро гунаҳгор мекард, ки гӯё худам аз ӯ ҳамхобагиро хостаам. Вале ин дурӯғ натавонист, ки гуноҳи кардаашро сабук гардонаду аз паси панҷара раҳоӣ ёбад.
Пеши роҳи селро баста мешаваду даҳони мардумро не. Дар тамоми ноҳия сухан дар мавриди воқеъаи ба сари ман омада буду гапи ҳомиладории ман мавзӯи рақами якум.
Ҳамсоямардро ба муддатӣ тӯлонӣ зиндон намуданд. Дар рафти мурофиаи судӣ вақте ба ӯ сухан доданд, нохалаф шарм надошта, “Сурайё, фарзанди маро ба дунё биёр, он ҳосили ишқи ҳардуямон аст”-гуфту бо ин ҳарфҳо ба ман бори дигар тӯҳмат зад, ки гӯё бо вай муносибати ошиқона доштаам.
Агар ҳама ҳам ба гапи ин касиф бовар мекарда бошанд ҳам, падару модарам бовар надоштанд. Онҳо хуб медонистанд, ки ман бо он марди худозада пеш аз ин робитае надоштам.
Барои аҳли оилаи мо баъди ҳамаи ин кору тавсилот дигар дар деҳа зистан душвор буд. Ҳарчанд касе дар рӯямон чизе намегуфт, вале падару модарам худашон ногуворӣ ҳис мекарданд. Бинобар ин онҳо тасмим гирифтанд, ки кӯчида ба шаҳр равем. Хонаамонро ба маблағи ночизе фурӯхта ба шаҳр омадем. Падару модар ва хоҳару додаронам ҳамеша маро дилбардорӣ мекарданду дар паҳлуям қарор доштанд.
Табибон барои исқоти ҳамли тифли батнам маслиҳат надоданд. Зеро он ҳамли аввалини ман буду дар сурати исқот мумкин буд, ки умре модар нашавам. Аммо бо истодагарии ман ин кор сомон дода шуд, ки натиҷааш ман умре дигар натавонистам модар бошаму тифлакони худро ба оғӯш гирам...
Мактаби миёнаро дар шаҳр ба итмом расонда, донишкадаеро ҳам хатм карда,соҳибихтисос гаштам. Ду маротиба шавҳар карда бошам, ҳам фарзандор нашудам. Падару модарам дар як сол ҳарду пай дар пай дар синни чилсолагиам вафот карданд. Онҳо аз сиёҳбахтии ман ҳамеша ғусса мехӯрданду то дами марг он марди нобакорро, ки соли аввали зиндонӣ шуданаш мурдаашро аз зиндон ба хонаашон оварданд, лаънат мехонданд.
Ман як духтарчаи бародари хурдиамро ба фарзандӣ қабул кардаму тамоми меҳру муҳаббати модаронаамро ба ӯ мебахшам.
Ҳаёти маро марди номарде сӯхт, вале ба рағми ҳамаи ин ман зиндааму зиндагӣ идома дорад.
Сурайё