Formula september
Номаи зани якум ба маъшуқаи шавҳараш
29.09.2024
ОИЛА.ТҶ
1646

Дар даҳсолаи охир шумораи мардони зандоре, ки маъшуқа ё зани дуюм доранд, дар ҷомеаи суннатии мо хеле зиёд шудааст. Занҳои зиёде аз бевафоӣ ва дурии шавҳарони худ азият мекашанд, вале ба хотири фарзандон, ба хотири гапи мардум, ба хотири хонавайрон нашудан ва боз бо сабабҳои зиёде ба тақдири худ тан медиҳанд. Дар номаи зерин дарду ғам ва эҳсости зани якум нисбат ба зани дуюм дарҷ гардидааст.

Номаи зани якум ба маъшуқаи шавҳар:

- Гулафшон, шояд ту ҳайрон шавӣ, ки мани хонашину канизи шавҳар ба дифои оилаю шавҳари поку никоҳиям овоз баланд кардам?

Ҳайрон нашав, балки гӯш кун, мехоҳам бо ту рози дил кунам.

Бисту панҷ сол пеш ман низ ҷавону зебо ва дилрабо будам..

Падари мансабдорам пас аз сари модарам зани дигар гирифту зери чабру ситами моиндар ба воя расидам. Ҳунарманду хушахлоқ, ки будам, хостгоронам аз мӯи сар ҳам зиёд буданд. Маро ба писари рафиқи падарам Фирӯз, ки ба тозагӣ мактаби олиро хатм намуда буд, фотиҳа карданд. Дар тӯямон устод Одина Ҳошим ҳунарнамоӣ намуданду шоири машҳури кишвар Ашӯр Сафар ровигӣ карданд...

Шавҳарам ба ман диққати махсус намедод, он қадар навозиш намекард, аммо ман ӯро аз тамоми дунё боло медонистаму ба хотири ӯ ҷабру фафои хушдоманро таҳаммул мекардам.

Бисту панҷ сол хизмати хусуру хушдоманро кардам, аммо ҳарфи хуши шавҳарро нашунидам.

Хусури бечораам, ки занкалон буд, наметавонист маро пуштибонӣ кунад. Танҳо баъди соҳиби 8 фарзанд шудан, хушдоманам фармон баровард, ки мо рӯзгорамонро ҷудо намоем.

Баъди ба ҳавлии озоду боҳашамате кӯчидан нафаси озод кашида, акнун худро одам ҳисоб мекардам.

Аммо, боз ту пайдо шудӣ...

Ман пайдо шудани туро аз болидаруҳии шавҳарам эҳсос кардам. Рафта-рафта баъзе шабҳо дер меомад ё умуман намеомад.

Ӯ тоҷири муваффақ асту баъзе вақтҳо 10-15 рӯз ба Хитой ё Дубай меравам гуфта, туро ба тамошо мебурд.

Гоҳҳо ба хонаи хушдоман ва хоҳаршӯям низ мерафтаӣ.

Зани ҳамсоя нақл кард, ки Фирӯз зани 2-юмашро ба хонаи модараш овард ва модараш шодӣ кардааст, ки писарам нав зани мувофиқ ёфтааст.

Духтарҳои дугоникам Фотима ва Зуҳроро низ ба хонаи зани дуюмаш бурдааст. Ин хабарро низ аз духтарҳо шунидам. Вақте ба шавҳарам аз ин ҳол гирякунон пурсидам, ӯ низ ашк рехта гуфт:

-Занак, маро бубахш! Дар зиндагӣ бо занони зиёде шиносу дар робита будам. Аммо ишқи ҳақиқиро акнун ёфтам. Гулафшон аз ман 20 сол хурд аст ва шавҳараш фавтидаву 1 писар дорад... Ту натарс, Гулафшон пули хуб меёбад ва аз мо ягон тамаъ надорад. Дар ҳаққи ту ва фарзандон ягон сухани бад намегӯяд. Маро аз ту рабуданӣ ҳам нест. Илтимос, моро осуда гузор, то бо ҳам гоҳҳо дидор бинем.

Агар шарт гузорӣ, ки ё ман, ё Гулафшон, интихобам Гулафшон хоҳад буд.

Ин суханони қатъии марди 50-сола, ки соҳиби домоду набера ва 8 фарзанд аст, ба лабҳоям муҳри хомӯшӣ зад.

Ман худро ба нодонӣ мезанаму дар бораи ту гӯё чизе намедонам.

Акнун дер омадану наомадани шавҳарам одат шудааст, аммо...

Охир, ман занам ва умре хидмати шавҳару хусуру хушдоманро карда, акнун вақте ки аёми фароғату айни камолотам расида, боз ғами палонҷдорӣ кашам? Чун фаҳмидам, ки ту низ мисли шавҳарам аъзои “Одноклассники” ҳастӣ, ба воситаи дӯстонам ба ин шабакаи иҷтимоӣ роҳ ёфтам, то мактубам ба ту расад!

Ба ман раҳм кун, хоҳари азиз, ту аз фарзанди калонии ман ҳамагӣ 5 сол калон ҳастӣ, боварӣ дорам, ки бахтатро меёбӣ. Илтимос, шавҳари маро раҳо намо!

Равшанӣ дар шаби тор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД