Arzon march 2024
НОМА АЗ БИСТАРИ МАРГ (ШАКЛИ ПУРРА)
5890

 

 

Ман дар даст чиптаи ҳавопаймо дораму як ҳафта пас ба Русия парвоз мекунам. Бародари калонӣ ва ду апаам шаҳрвандони ин кишвари бузург ҳастанду ман ҷони беморамро гирифта, назди эшон меравам, шояд дар ғурбат ба дарди ман давое пайдо шавад. Аммо чун дарди қаттоли саратони сина ҷонамро дар панҷаи шахшӯлаш мефишорад, шояд зинда намонам. Аз ин хотир, хостам саргузаштамро навишта, ба ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила» равон намоям.

Шояд мисли ман занони болои бистари беморӣ аз шавҳар ба ҷойи меҳрубонӣ дидан, хиёнату ранҷу азоб кашидаанд, зиёданд? Вале мехоҳам номаи дарди ман нашр шавад ва ба мардоне, ки занро танҳо дар сиҳатияш одам мешуморанд, як сабақе гардад…

                         Духтаи эрка

Ман ҳамагӣ ду сол доштам, ки падарам дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид, оё дар ёди кӯдаки дусола чизе мемонад? Албатта не, падарамро, ки хеле сарватманд будааст, танҳо аз рӯйи суратҳояш мешиносам. Баъди марги падарам модарам чор нафар фарзандашро тавассути меҳнати сангини савдогарӣ ба воя расонд. Бародару апаҳоям, ки он вақт ноболиғ буданд, ба вай ёрӣ мерасонданд. Ман дар хона эрка ва гули сари сабади сӯҳбатҳои оилавӣ будам. Оҳиста-оҳиста бародарам ба воя расиду ба Русия рафт, Худованд кори сағираро осон мекунад гуфтаанд, ки рост аст. Бародари ягонаам дар ғурбат соҳиби ҷойи кори хубу пулу мол гашт. Апаҳоямро ҳамсояҳо келин карданд ва акаам онҳоро бо шавҳаронашон назди худ хонд, дар ватан ману модарам мондем. Хонаҳои дуошёнаи аз падарам мерос мондаро таъмир намуда, ҳама ҷиҳози рӯзгорамонро нав кардем. Ман акнун гули чизро мехӯрдаму зеботарин либосро ба бар менамудам. Бисёр вақт ҳамроҳи модарам ба Русия мерафтему он ҷо муддатҳо дар хонаи бародарам зиндагӣ мекардем. Зани бародарам ҳаммаҳали худамон набошад ҳам, хеле меҳрабону дилёб буд. Акаам ӯро ҳамон ҷо хуш карда хонадор шуд, модарам аввалҳо розӣ набошад ҳам, баъдҳо келинашро аз духтаронаш кам намедонист…

                         Ишқ омаду…

Ман эрка бошам ҳам, духтари беҳунар набудам, модарам тамоми ҳунарҳои хоси бонувонро ба ман омӯзонида буд. Бар замми ин, ба дӯзандае шогирд истода, ин касбро ҳам аз худ кардам. Кам- кам фармоиш мегирифтам, хушдорҳои зиёд доштам. Зеро бар замми аз оилаи сарватманд будан, ҳунарманду сархам ва қоматбаланду нозанин ҳам будам. Ман интихоби домодро ба модарам вогузор карда будам, вале…

Дар ҳамсоягии мо кампираке бо як писараш зиндагӣ мекард, Сарвар-хола нисбати мо хеле меҳрубон буду дӯсташ медоштем. Писараш Алӣ низомӣ буд, чун ӯро дар пойтахт бо кор таъмин намуданд, ҳавлияшонро фурӯхту модарашро гирифта, ба Душанбе рафт. Чун мо дар як мавзеи хушбоду ҳавои маркази яке аз вилоятҳои кишвар зиндагӣ мекунем, ба хонаи Сарвар-хола зуд харидор пайдо шуду ҳамсояҳои нав кӯчида омаданд. Аҳли оила аз падару модар, як писарашон ва ду кӯдаки ӯ иборат буданд. Баъдтар фаҳмидем, ки келини хонадон сари фарзанд рафтаасту духтараки чорсола ва писараки дусолаашро ятим мондааст. Ҷавон Акрам ном дошт ва аз рӯйи гуфти модараш тоҷир буду дар бозори калони шаҳр чанд мағоза дошт. Шоҳина ва Шаҳбоз- кӯдакони Акрам ба ман дар як муддати кӯтоҳ унс гирифтанду апаҷон гуфта, дастамро раҳо намекарданд, модарам низ ба онҳо меҳр монда буду соатҳо ҳамроҳашон афсонагӯӣ мекард. Акрам бо баҳонаи бурдани кӯдакҳояш ба хонаамон медаромад, ҳамин тавр нигоҳҳои мо ба ҳам бархӯрданду ба ҳам ошиқ шудем. Байни мо на вохӯрӣ буду на бӯсу канор, фақат бо нигоҳ рози дил мегуфтем…

                               Ишқи марди зандида

Хостгорони зиёде доштам, аммо ҳамаашонро ба баҳонае рад мекардам, як шом падари Акрам барои хостгорӣ омаду модарам аз ман напурсида, ба вай не гуфт. Аммо ман баъди рафтани мӯйсафед ба модарам гуфтам, ки Акрамро мегираму тамом! Ҷангу ҷанҷоли якмоҳаи модарам асаре накарду чун бори дуввум модари Акрам барои хостгорӣ омад, ӯ ноилоҷ розӣ шуд, вале маро дуои бад кард. Модарам бо чашми гирён гуфт, ки мардум чӣ мегӯянд, ягон айб дошт, ки духтари хона марди зандидаро гирифт… Аммо маро парвои гапи модараму мардум набуд, зеро чашмони хумор ва қомати баланди Акрам диламро аз нигоҳи аввал бурда буд…

Бародару апаҳоям низ аз аввал норозигӣ карданд, вале модарам ба онҳо чизе гуфт, ки хомӯш шуданд. Тӯйи мо баргузор гашт, Акрам маро рӯ-рӯи даст мегардонд. Ду хоҳаршӯям, ки оиладор буданду ҷойи дигар зиндагӣ мекарданд, маро хоҳар хонданду хусуру хушдоманам духтар. Шоҳинаву Шаҳбоз, гирдам парвона буданд…

Акрам бо дилёбиву хушсуханӣ дар як муддати кӯтоҳ ба дили модарам роҳ ёфт, ман пайи ҳам як духтару як писари нозанин ба дунё овардам, шукронаи зиндагӣ мекардам, вале…

                               Бемории қаттол

Пас аз шаш соли зиндагии хушбахтона дар синаам варамҳои сахт пайдо шуданд, духтурон онро омосҳои безарар ташхис карданду гуфтанд ҷарроҳӣ карда гирам. Вале танҳо баъди ҷарроҳӣ маълум шуд, ки ин омоси бадфиоли саратон будааст. Модарам зор-зор мегирист, ҳоли пайвандони шавҳарам аз ӯ бадтар буданд. Аммо шавҳари меҳрубонамро бемории ман тағир дод, ӯ аввалҳо меҳрубон буд, вале…

Баъдҳо ба хона дер меомад, шабҳо намеомад ва агар биёяд ҳам, дуру дароз бо телефон бо касе гап мезад. Ман болои бистар дард мекашидаму чашми ӯ буду телефон…Ҳеҷ гоҳ телефонашро аз дасташ намегузошт, як шаб писарам гирист, шавҳарам ӯро бардошта берун бурд ва телефонашро нагирифт, шояд гумон кард, ки ман хобам. Соати сеи шаб телефонаш занг зад, онро бардоштам, аз он тараф овози занонае гуфт:

-Хирс, ҳолиям хоб нарафтӣ….

Рашк бадтар аз саратон ҷонамро сӯзонду гуфтам: -Ту ба кӣ занг мезанӣ?

-Мебахшед хола, ман ба Акрам занг мезанам, -гуфт.

Ман гуфтам, ки “Ҷиян, ман зани Акрам, ту айба намедонӣ, ба марди зану кӯдакдор дар соати сеи шаб занг мезанӣ а? Зан бо овози баланд гуфт:

-Ба туи бемори дар бистари марг шӯ чӣ даркор, ҷоната нола кун,- ва телефонро кушт…

Он шаб бо шавҳарам бори аввал ҷангу хархаша кардам. Акрам ба ҷойи бахшиш гуфт:

-Хайр шинам, уф-уфи туро гӯш карда, ман мардам, зану оғӯши гарм мехоҳам!

Рӯзи дигар фарзандонамро гирифтаму ба хонаи модарам омадам, Шоҳинаву Шаҳбоз ҳам рӯз то бегоҳ ҳамроҳи мананд. Акрам ҳар субҳ як бор омада, бегонавор авҳол мепурсаду меравад…

Бародарам бароям чиптаи ҳавопаймо харида, маро наздаш даъват дорад, мехоҳад маро ба духтурони рус нишон диҳад. Намедонам, авҳолам чӣ мешавад, аммо дарди хиёнати шавҳарам аз сад саратон зиёдтар рӯҳи маро шикастааст.

                                                    Бо умеди дидор, Зайнур

                                         

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД