Sebiston new 2024 october
НОЛАИ ХУНИНИ САБРИНА Қисми 1
12.09.2022
ОИЛА
2260

 

Ё чӣ тавр тақдир яккадухтари эркаро ба нокомӣ кашонд?

Сабрина лаби дарёи деҳа нишаста, ғарқи хаёл, шилдироси обро назора мекард. Лаҳзаҳои ширини даврони кӯдакӣ сафҳаҳои хотироташро варақгардон намуд.Оғӯши гарми модар ва навозишҳои пурмеҳри ӯро ба ёд овард. Чунон духтараки эрка буд, ки касе ҳақи ба ӯ садо баланд кардан ё хоҳишашро рад намудан надошт. Модар ҳамеша ба писаронаш таъкид мекард, ки «Шумо як хоҳар доред, мағзи ёфтаатонро бояд дар даҳони хоҳаратон монед». Мақсади модар он буд, ки духтараш бояд бо нозу неъмат бузург шавад. Вале бародаронбаъзан ҳазлкунон яке Сабринаро медошту дигаре нонпораҳои мағзшудаи болои дастархонро ба даҳонаш мегузошт. Доду войи духтар баланд мешуд. Модар, ки ҷанҷолкунон ба ҳимояи духтараш мешитофт, «О худатон мегӯед, мағзи ёфтаатонро ба даҳони хоҳаратон монед ку, мо ҳам супориши шуморо иҷро мекунем»,- бо шухӣ ҷавоб медод писари калонӣ.

Бародари калонии Сабрина Акбар, модарашро ниҳоят дӯст медошт. Баъзан Сабринаро барои нозу нузи аз ҳад зиёду инҷиқиаш сарзаниш мекард. Намехост касе модарашро озор диҳад. Хусусан вақте падар аз кор бармегашту аз нағмаҳои Сабрина асабӣ шуда, ҳамсарашро дашном медод, Акбар ба ғазаб меомад.Духтар чунон эрка буд, ки домани куртаи модарро сар намедод. Ҳамин ки модар дар ҷое менишаст, зуд худро ба оғушаш мепартофт. Ва агар банди коре мешуду ба хостаҳои духтараш дертар мерасид, гиряю нолаи Сабрина ба осмон дакка мехӯрд.

Ӯ аллакай одат карда буд, ки ҳама хостаҳояш сари вақт ва бидуни интизорӣ иҷро шаванд. Ин амалҳои ӯ ба падар, ки дар як ҳафта як маротиба хастаю монда аз кор меомад, намефорид. Ҳамсарашро барои аз ҳад зиёд эрка кардани духтараш ҳамеша сарзаниш мекард. Аз ин рӯ, Акбар баъзан бо насиҳату мулоимӣ ва баъзан бо ҷангу ситеза Сабринаро ба қавле одам кардан мехост.Вале модар пайваста таъкид мекард, ки агар касе духтарамро ранҷонад, ман аз ӯ розӣ нестам. Шояд дилаш гувоҳӣ медод, ки умри дароз надораду Сабринаи танҳою ягонааш бидуни ӯ азият хоҳад кашид…

                  Марги нобаҳангоми модар

Сабрина дар синфи панҷум мехонд, ки фалаки сахтгиру бераҳм риштаи ҷони модарро аз дунё барканд. Доду фарёди духтарак ба осмон печид. Ӯро аз назди тобути модар дур карда наметавонистанд. «Очаи маро набаред, ӯ ҳоло соз мешавад, аз ҷояш мехезад. Хез очаҷон, хез очаҷон, вагарна туро таги хок мекунанд. Агар нахезӣ, ман ҳам ҳамроҳат меравам…» фарёди ҷонсӯзи кӯдак ҳатто мардҳоро ба гиря овард. Акбар бо мушкилӣ хоҳараки эркаашро ба оғӯш гирифту аз назди дарвоза дур кард. Ҳаёти Сабрина акнун оғоз гардид. Худро ба оғӯши бародараш мепартофту ба ёди модари ҷавонмаргаш ашк мерехт. Хумори навозишҳои гарми модар дилашро об мекард. Худро ба ҳар тараф мезаду «оочааааҷоон» гӯён, нола мекард. Вале ҷуз Акбар ҳеҷ кас ӯро намефаҳмид. Падар, ки ба хотири Сабрина ҳамсарашро бисёр сарзаниш мекард, духтарро чашми дидан надошт. Бо аз даст додани ҳамқисмати зиндагияш, бадиҳояшро ба ёд меоварду эҳсоси пушаймонӣ мекард. Модари Сабрина воқеан фаришта буд. Борҳо ба хотири духтараш аз шавҳар ҳатто шаллоқ мехӯрду садо баланд намекард. На шавҳар ва на фарзандон овози баланди ӯро нашунида буданд. Кони раҳму навозиш буд. Забони ширадору пурлутфи ӯро ҳамсояҳо ҳавас мекарданд. На танҳо аҳли оила, балки тамоми маҳалла барои ин зани ғурамаргу наосуда сӯхтанду нола карданд. Вақте Сабрина ба мактаб мерафт, омӯзгорон аз дидани ӯ гирён мешуданд. Зеро ҳар субҳ модар дасти духтараки ноздонаашро гирифта, суҳбаткунон ба мактаб мебурд. Муаллимонро хоҳиш мекард, ки духтарашро танбеҳ накунанд. Вале ҳоло хомӯшу босукут ворид шудани Сабрина дили ҳамаро хуншор мекунад. Омӯзгорон нону намаки модари хайрхоҳи Сабринаро зиёд хӯрда буданд, аз ин рӯ, ҳар яке алоҳида духтаракро навозиш мекарданду тасаллӣ медоданд.                                                  

–Ту медонӣ, ки модарат аз осмон туро нигоҳ карда истодааст. Агар ту зиқ бошиву гиря кунӣ, модарат ҳам гиря мекунад. Агар хурсанд бошию бозӣ кунӣ, модарат ҳам хурсанд мешавад. Ту намехоҳӣ модарат хурсанд бошад?-гӯён роҳбари синфаш Сабринаро ба қавле аз ғам берун кардан мехост. Аммо дарди ӯро худаш ҳис мекарду Офаридгор……

 Давом дорад                     

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД