Борҳо дар масҷид мардонеро вохӯрдаам, ки бо нохуни баланд ва ифлос таҳорат карда, намоз мехонанд. Магар нохуни пур аз чирк таҳоратро фосид намесозад?
Муҳибулло, ш. Панҷакент
Таҳорат кардан бо нохуни баланду ифлос ҷоиз аст, агар дар зери нохун хамир ҷой нагирифта бошад. Сабаб дар он аст, ки хамир обро намегузаронад, чирк бошад, обро мегузаронад.
Аслан, ҳар ҳафта, рӯзҳои ҷумъа нохунҳои дасту пойро гирифтан вазифаи ҳар як одами мусалмон аст.
Дар муддати чил рӯз мӯйи зери бағал ва зери нофро ҳам тоза кардан лозим аст.